Норасоии йод ба оқибати нохуш оварда мерасонад

Норасоии йод ба оқибати нохуш оварда мерасонад

Пареррӯз дар Хонаи матбуоти вилоят Диспансери эндокринологии вилоят ба муносибати «Моҳонаи пешгирии ҳолатҳои норасоии йод» бо иштироки ходимони диспансери мазкур ва вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ анҷумани матбуотӣ гузаронд.
Дар тадбир саршифокори диспансер, раиси филиали самарқандии Ассотсиатсияи эндокринолог ва диабетологҳои Ӯзбекистон Г. Неъматова ба ҳозирон мувофиқи иҷрои «Барномаи миллӣ аз рӯйи такмилдиҳии ёрирасонии эндокринологӣ ба аҳолӣ дар солҳои 2019-2021» ва доир ба чораву тадбирҳои андешидашуда аз рӯйи иҷрои барнома ҳарф зад.
Шифокори диспансер Н. Файзиева оиди корҳои иҷрошуда дар доираи моҳона маълумот дод.
Таъкид гардид, ки ҳоло дар вилоятамон 36541 нафар ба рӯйхати бемории ғуррӣ дароварда шуда, 29858 нафари онҳоро занҳо ташкил мекунанд. Усули арзон ва босамари пешгирии ҳолатҳои норасоии йод дар байни аҳолӣ ин намаки ошро йодолуд намудан ба ҳисоб меравад. Намаки ош минерале ба ҳисоб меравад, ки бе коркарди кимёвӣ ба хӯрок андохтан мумкин аст. Намак дар ҳар як оила кор фармуда мешавад. Одам рӯзе бо истеъмоли 5 грамм намаки ош 100-150 мкг йод қабул мекунад. Бино ба натиҷаҳои таҳқиқи ходимони диспансер таркиби намакҳои «Бек барака», «Сафир» ва «Алмаз», ба талаб ҷавобгӯ аст.
Дар диспансер дар соли гузашта бо мақсади беҳсозии хизматрасонии ёрии тиббии ихсисонидашуда санҷиши таҳлилҳои беш аз 40 лабораторияҳо ба роҳ монда шудаанд. Иқтидори қабули рӯзонаи шӯъбаҳои диспансер ва лаборатория ба ду баробар афзудааст. Аз ҳисоби маблағҳои буҷа ошхонаи замонавӣ сохта шудааст. Соли ҷорӣ дар ҳудуди диспансер шӯъбаҳои тиреоидологияи нав, эндокринологияи бачаҳо, давоёбии интенсивӣ ва реаниматсия, экспресс лаборатория, блокҳои қабул ва стерилизатсия ба фаъолият оғоз намуданд. Тамоми шӯъбаҳо бо асбобу анҷомҳои замонавии тиббӣ таъмин гаштанд. Сохтани майдончаи варзишӣ барои бачаҳо дар нақша аст.

Ҷамшеди АСРОР.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: