Идулфитр – рӯзи шодмониву сурур

Идулфитр – рӯзи шодмониву сурур

Бисмиллаҳир-­Роҳманир-­Роҳим. Ба Аллоҳи меҳрубон беадад шукронаҳо бод, ки бахти зиндагӣ кардан дар Ӯзбекистони озоду обод бароямон муяссар гардидааст. Барои гулгулшукуфии ин диёр ва равнақи он саъю ҳаракат кардани ҳар як шаҳрвандамон қатъи назар аз дин, нажод ва миллаташон бахти олӣ ба ҳисоб меравад.
Идомаи ислоҳоти дар тамоми соҳаҳо амалишавандаи мамлакатамон дар фикру шуури халқамон, бешубҳа шодмониву сурур, умед ва мамнуният аз ҳаётро ба вуҷуд овардааст.
Эътибор ва ғамхории сарвари давлатамон Ш. Мирзиёев ба сазовор гузаронидани моҳи шарифи Рамазон сабаб гардид.
Иди Рамазонро «идулфитр» мегӯянд. Он барои мусулмонон рӯзи шодиву хурсандӣ буда, яке аз ду иди мубораки мусулмонон ба ҳисоб меравад. Намози ид тибқи мазҳабҳои Моликӣ ва Шофеъӣ суннати муаккада, дар мазҳаби Ҳанафӣ воҷиб ва дар Ҳанбалӣ фарзи кифоя аст. Аз сабаби он, ки дар ин рӯзҳои муборак дуоҳо қабул мешаванд, корҳои хайр кардан зарур аст. Бояд эҳтиёт шуд, ки дуои се тоифа қабул намешавад: дуои қотиъурраҳм, яъне касе ки аз пайвандони худ – бародару додар ва хоҳарон риштаи меҳру мурувватро кандааст; оқулволидайн, яъне оқи падару модар шуда, онҳоро норизо кардааст; мутминулхамр, яъне касе, ки ба нӯшидани хамр аз ҳад зиёд руҷӯъ мондааст. Модоме, ки чунин аст, бояд худро тафтиш намуда, аз зумраи касоне нашавем, ки дуояшон мустаҷоб намешавад.
Дар рӯзи ид чанде аз амалҳо ҳастанд, ки мустаҳаб ҳисоб меёбанд. Аз ҷумла, шабҳои идро бо ихлос ва умеди савоб бо зикру тасбеҳ ва тиловати Қуръон бедор гузаронидан, ғусл кардан, худро хушбӯйиҳо зада, зинат додан, мӯйи сар тарошидан, мисвок кардан, бо ид табрик намудан, ба зиёрати куҳансолон, беморон, мӯҳтоҷон, мусофирон ва хешовандон рафта, дуо гирифтан ва қадри имкон ёрии моддӣ расонидан, сурудхониву бозӣ ва хушнудӣ кардан, ба занҳо алоҳида насиҳат кардан барин амалҳо ба ҳисоб мераванд.
Аз ҷумлаи чунин амалҳои нек пӯшидани либосҳои беҳтарин ба ҳисоб меравад. Набӣ (с. а. в.) барои ду ид ҳамеша ғусл мекарданд. Чунки дар ин ду намоз ҷамоаи калон гирд меояд ва аз ин боис аз бӯйи бад эмин будан лозим. Бо таҳорат кифоят кардан ҳам мумкин аст. Беҳтарини либосҳо сафед мебошад. Аммо ороста шудани занҳо аз мардҳо фарқ дорад. Агар занҳо ба кӯча бароянд, бо либоси одатӣ ва тоза, ба худ хушбӯӣ назада, орову торо надода, ба фитна сабаб нашуда бояд бароянд. Аз сабаби дар рӯзи ид дар кӯча зиёд шудани одамон, ба мардон омехта нашуда гаштанашон шарт.
Инчунин, садақаи ихтиёрӣ низ аз амалҳои мустаҳаб ба ҳисоб меравад. Садақа ба ҳамсояи мӯҳтоҷ, хешованд, толиби илм карда шавад, ба мақсад мувофиқ буда, пул, чизу чора, ороишот, хӯрокворӣ, либосворӣ барин чизҳо – ҳама ба садақа медарояд.
Бо ҳамин мақсад, бо ташаббуси ходимони масҷиди ҷомеи Хоҷа Абдулмӯъмини маскани Сартеппа дар даҳаи охири Рамазон ба 25 нафар шахсони камбизоати маҳаллаҳои ҳудуд, аз қабили маҳаллаҳои Сартеппа, Янгиқӯрғон, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Заргартеппа, Б. Зокиров, Навбоғчиён, Хоҷа Соат кӯмаки моддӣ расонида шуд, ки дар ин кор саҳми ҳомиёни саховатпеша калон аст.
Ба ҳамаамон Идулфитри фарорасида муборак бошад. Раҳматҳои илоҳии Парвардигор дар мамлакатамон бардавом бод!

Ҷаҳонгир ҳоҷӣ ҲОТАМОВ,
имом-­хатиби масҷиди ҷомеъи Хоҷа Абдулмӯъмини шаҳри Самарқанд
.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: