Маркази ахбор – китобхонаи вилоятӣ ба куҷо мекӯчад?

Маркази ахбор – китобхонаи вилоятӣ ба куҷо мекӯчад?

Ба муносибати сар шудани таъмири асосӣ дар Маркази ахбор – китобхонаи вилоятии ба номи А.Пушкин чораҳои ба дигар ҷой кӯчонидани он дида мешаванд.
Мувофиқи нақша тайёр намудани лоиҳаи қарори ҳокими вилоят оиди ҷудо кардани маблағ барои таъмир, фароҳам овардани шароити зарурӣ дар бинои собиқ Донишкадаи стоматологӣ, ки Маркази ахбор – китобхона ба он ҷо мекӯчад, инчунин, таъин намудани ходимони ба ин кор масъули китобхона, додани 3 мошини боркаш барои кӯчондани ҷиҳозҳо ва 1 автобус барои кашондани коргарон, ҷудо кардани қувваи кории иловагӣ барои ин кор ва расонидани хабари дар ҷои нав муваққатан фаъолият оғоз намудани Маркази ахбор – китобхона ба аҳолӣ, ба идораву ташкилотҳои дахлдор супорида шуданд.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: