Туркия –Ӯзбекистон  2:0

Туркия –Ӯзбекистон 2:0

Аксари мухлисони футболи мамлакатамонро масъалаи имрӯзҳо бо сарпарастии сармураббӣ Э. Купер то кадом дараҷа ба бозиҳо тайёр будани ҷамоаи яккачини футболи мамлакатамон бефарқ намегузорад.Рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта дар Туркия байни ҷамоаҳои яккачини футболи Туркия ва Ӯзбекистон вохӯрии рафиқона ба амал омад. То ин вақт ҷамоаи футболи мамлакатамон бо ҷамоаҳои пурқуввати Аврупо кам дар кам бозиҳои рафиқона гузаронидааст.
Дар вохӯрӣ ҳамин чиз маълум шуд, ки сифати футболбозии ӯзбекистониҳо назар ба бозингарони туркиягӣ паст аст. Дар давоми вохӯрӣ асосан ҷамоаи Туркия ҳуҷуму ҷамоаи мо дарвозаи худро ҳимоя намуд. Аз ҷониби ҷамоаамон кам бошанд ҳам, ҳуҷумҳо ташкил шуданд, вале бесамар буданд.
Дар вохӯрӣ ҷамоаи Туркия ба ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Ҷамоаамон бо Туркия барин ҷамоаҳои ба чашм намоёни Аврупо бештар вохӯриҳо ташкил намояд, сифати бозӣ хуб шуда, таҷрибааш зиёд мешавад
Рӯзи 7-уми июн ҷамоаи Ӯзбекис­тон дар шаҳри Тошканд бо ҷамоаи яккачини Ҷумҳурияти халқиву демократии Корея бозии рафиқона мегузаронад. Умед мекунем, ки ин дафъа ҷамоаамон зафарёб гашта, мухлисонашро шод мекунад.

Ҷамшеди АСРОР.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: