Ғалаба дар Ҷоми лига

Ғалаба дар Ҷоми лига

Аз моҳи июн сар карда, дар байни ҷамоаҳои футболи мамлакат мусобиқаи нав Ҷом (Кубок)-и лига оғоз ёфт.
Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар варзишгоҳи «Динамо» дар навбати якуми ин мусобиқа клубҳои касбии «Динамо» (Самарқанд) ва «Сурхон» (Тирмиз) қувва озмуданд.
«Динамо», ки дар бозии Суперлига аз ин ҷамоа мағлуб шуда буд, бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард. Ба тӯбҳо С. Баротов, А. Сафаров, Д. Темиров ва Ҷ. Азимов (ду тӯб) муаллифӣ намуданд.

Ҷамшеди АСРОР.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: