Фарҳангпешаи дарёдил

Фарҳангпешаи дарёдил

Хислатҳои неки одамгарӣ, инсондўстӣ, хоксориву ёрирасонӣ, ҳамдардию қадршиносӣ, меҳрубонию дилёбӣ аз фазилатҳои асосии доктори илми филология, профессор Насриддин Шарофов буд, ки ўро ба дилу дидаҳо азизу мўҳтарам намудаанд.
Моҳи июни соли 1984 дар толори Институти забон ва адабиёти Академияи фанҳои Тоҷикистон бори аввал бо ин олими забоншинос ҳамсўҳбат шудам. Он рўзҳо бо ташвишҳои муҳокимаи рисолаи номзадӣ банд будам. Устод самимона таклиф карданд, ки бегоҳӣ меҳмони азизашон бошам. Он бегоҳӣ рўйи кати ҳавлии устод сўҳбати гарму самимонае дар бораи навигариҳои шаҳрамон, устодони донишгоҳ ба вуқўъ пайваст. Дар сўҳбат фаҳмидам, ки ў соли 1928 дар Самарқанд дар хонаводаи ҳунарманд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна меҳри муаллимӣ ўро ба Омўзишгоҳи педагогии Самарқанд овардаасту баъди онро хатм намудан солҳо омӯзгорӣ кардааст. Баъди ҷанг ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шуда, аз олимони шинохтаи соҳаи забон ва адабиёт С. Айнӣ, Е. Бертелс, Х. Мирзозода, В. Абдуллоев, У. Турсун, Р. Муқимов, Ю. Авалианӣ ва дигарон асосҳои дониши филологиро аз бар намудааст. Бахусус, маърўзаву баромадҳои устод Айнӣ дар анҷуманҳо ва маҳфилҳои адабӣ ҷавони ташнаи илмро ба омўзиши забон ва адабиёти тоҷик илқо намуда буд. Ин буд, ки соли 1949 донишгоҳро хатм карда, барои вусъат додани илм ба Душанбе раҳсипор гашта, дар Институти тадқиқоти илмии вазорати маориф, идораҳои маҷаллаҳои «Мактаби советӣ» (ҳоло «Маърифат») ва «Мактаби ибтидоӣ», Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва охиран дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи улуми Тоҷикистон дар адои хизмат будааст…
Минбаъд тез-тез меҳмони ин хо¬надон шудам, дар тўйи фарзандонашон, ки аҳли илму адаб ҳузур доштанд, иштирок доштам. Бахусус, аз он рўзҳо табрику хушбошиҳои ровии хушадо Абдуқодир Маниёзов, сухансанҷони дақиқназару болутф Раззоқ Ғаффоров, Атохон Сайфуллоев дар хотирам нақш бастаанд…
Фаъолияти илмиву эҷодии шодра¬вон Н. Шарофов аз соли 1959 оғоз гардида, анқариб 30 сол бо ин Пажўҳишгоҳи мўътабар пайванд буд. Вай ин ҷо аввал дар вазифаи ходими хурди илмӣ, баъд ходими калони илмӣ кор карда, бо тадқиқи паҳлўҳои гуногуни забони тоҷикӣ машғул буд. Дар ин муд¬дат таҳти роҳбарии академик Б. Ниёзмуҳаммадов соли 1964 дар мавзўи «Калимаҳои русию интернатсионалӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷик» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд ва соли 1975 дар шаҳри Боку таҳти унвони «Роҳҳои инкишофи лексикаи забони адабии тоҷик» рисолаи доктории худро бо муваффақият дифоъ менамояд. Имрўз ҳам аз мақолоти сершумори илмӣ, рисолаву китобҳои ў мутахассисону донишҷўён истифода мебаранд.
Аз ибтидои солҳои 80-уми асри гузашта фаъолияти илмию омўзгории Насриддин Шарофов бо Донишгоҳи давлатии Самарқанд алоқаманд мегардад. Ў тайи якчанд сол вазифаи мудирии кафедраи забони тоҷикиро дар ўҳда дошт.
Яке аз фазилатҳои олиҷаноби ў ҳоҷатбарорӣ буд. Аз рўйи муроҷиати ҳамкорону дўстон кўшиш мекард, ки ҳамеша дасти ёрӣ дароз намояд, маслиҳатҳои муфид диҳад. Дар ин ҷода байти зерини Мавлоно Ҷомиро шиори зиндагӣ интихоб намуда буд:

Бо баду нек накўкорӣ варз,
Шеваи ёриву ғамхорӣ варз!

Солҳои ҳамкорӣ дар донишгоҳ аз хайрпешагиву дуогўйии муаллим борҳо баҳраманд гашта, ба фурўтанӣ, сўҳбаторо буданашон гувоҳ шудаам. Аз назари шодравон ҳар як комёбии ҷавонон дур намемонд. Бо табрику таҳният дилёбию меҳрубонӣ мекарданд. Аз ин рў, дар байни мо, олимони ҷавони он солҳо обрўю эҳтироми баланд доштанд.
Гарчанд ин марди дарёдил, маслиҳагару ғамхор ҳоло дар байни мо нестанд, лекин рўҳи покаш бо ному корҳои некаш бо мост. Ин аст, ки имрўз ҳам ба шарафи 90-солагии зодрўзаш ўро бо некӣ ёд мекунанду поси хотираш менамоянд.
Абдусалом САМАДЗОДА, олими адабиётшинос

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: