Темурбекҳои самарқандӣ дар сафи аввал

Темурбекҳои самарқандӣ дар сафи аввал

Ба ташкил шудани мактаби мазкур 40 сол шуд. Дар тӯли ин солҳо зиёда аз ҳазор мутахассиси ҳарбӣ дар ин даргоҳ камол ёфтанд. Имрӯзҳо аз 289 нафар хатмку¬нанда 245 нафарашон ба даргоҳҳои олии ҳарбии ҷумҳуриятамон ҳуҷҷат супори¬данд. 32 нафар тарбиятгар зери назорати муаллимон, боқимонда зери назорати шифокори ҳарбӣ Шерзод Мамарӯзиев мебошанд. Соли ҷорӣ шогирди мактаб Мӯҳриддин Рӯзиев дар озмун-азназаргу¬заронии ҷумҳуриявии «Тузукоти интел¬лектуалии авлодони Темур» ҷойи дуюм, ҷамоаи «Китобхон посбон» ҷойи сеюм, як гурӯҳ шогирдон дар бозии интеллектуа¬лии «Авлодони Темур» ҷойи якум, Достон Мардиев дар мусобиқаи байналхалқии «Санъати ҷанги ӯзбек», ки моҳи апрел дар Тошканд баргузор гардид, дар тои¬фаи 58 кг. чемпиони Осиё, чанд нафари дигар дар мусобиқаи математикҳо, ки бо иштироки хонандагони мактаб, лит¬сей ва ҳарбиёни ҷавони мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тош¬канд баргузор гардид, ҷойи дуюм ва дар мусобиқаи шоҳмотчиён ҷойи якумро ба даст оварданд.
— Аҳли ҷамоа дар тадбирҳои анъа¬навие, ки дар шаҳрҳои Тошканд ва Са¬марқанд гузаронида мешаванд, ишти¬рок мекунанд, — гуфт директори мактаб Ҷалолиддин Мусиров. – Дар тадбирҳое, ки дар коллеҷҳои касбиву ҳунарӣ, муас¬сисаҳои таълими олии Самарқанд таш¬кил мегарданд, фаъол иштирок карда, сазовори таҳсини дигарон мешаванд.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: