Сад ҷону дил фидои як муддаои модар…

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар…

Модар, модаро, шири сафедам додӣ ,
Дунё ба умед асту умедам додӣ.
То бар сари ман чӣ ояд аз беш у камӣ,
Ту дар сари гаҳвора навидам додӣ .
Лоиқ ШЕРАЛӢ

Модар! Чӣ алфози хубу гуворо, шири¬ну хушоҳанг ва марғуладору ҷаззоб. Аллаи ӯро намегӯед, волотар аз ҳама гуна оҳангу навою суруду таронаҳост. Ин аст, ки нахуст¬калимаи кӯдаке, ки аз даҳон мебарорад модар асту баъди хешро шинохтан низ кулли фарзандон баробари вориди ҳавлӣ гаштан модарашонро пурсон мешаванд. Ва ё ҳини аз ягон чиз тарсидан аз даҳони ҳамагон як¬бора нидои модарҷон мебарояд. Ана ҳамин чизҳо боис асту бузургии модар то ҷоест, ки модару ватан дар як радиф қарор дорад. Модар барҳақ яктову танҳо буда, касе ва ё чизе ҷои ӯро гирифта наметавонад. Аз ин рӯ, шоир фармудааст:
Ту монанди замин танҳоӣ, модар,
Ту монанди замин яктоӣ, модар.
Модар соҳиби қалби бузург, қалби поку беолоиш аст. Вай дар оила ёвару мададгори шавҳар, тарбиядиҳандаи фарзанду набера¬гону роҳнишондеҳи келинҳост. Ана ҳамин сифатҳои инсонии модаронро Лоиқи мӯ¬шикоф чунин васф намудааст:
Як дами ҷон костани модарон,
Беҳ зи ҳама мӯъҷизи пайғамбарон.
Як сухани бонамаки модарон,
Беҳ зи ҳама ҳикмати донишварон.
Бо таъбире модар худ нахӯрда фарзан¬донро мехӯронаду худ напӯшида онҳоро ме¬пӯшонад. Вай намехоҳад, ки ба пои фарзанд хоре халад. Агар фарзанди зораш ба бемо¬рие дучор шавад, оҳи сӯзони қалби поки модарон баланд садо медиҳад. Ин аст, ки “Биҳишт – зери қадами модарон” мегӯянд. Ранҷе, ки модари бечора шабе болои гаҳво¬ра мекашад, фарзанд тамоми умр гардонида наметавонад:
Чашмони бедори ту моро бахти бедор оварад,
Ҷунбиши гаҳвора ёд аз чархи даввор оварад.
Барои фарзандон, хусусан духтарон наз¬диктарин шахс ин модаронанд. Меҳрубонӣ, дилсӯзӣ ва азизии модар нисбати фарзандон то ҷоест, ки болои ҷаҳл сахтрасии модарон фарзандонро заррае азият намебах¬шад. Аммо бо хурдтарин маломати падар сари фарзандон хаму мулзам мешаванд. Меҳрубониҳои модар, дӯстдориҳои модар, эркадориҳои модар аз ҳар гуна зару зевари дунё авлотар аст:
Сӯзани ту аз сутуни қасри тилло қимат аст,
Рӯи нуронии ту аз рӯи дунё қимат аст.
Модоме, ки модарон ба чунин сифатҳо соҳибанд, набояд дили кӯчаки ӯро каме ҳам бошад озор диҳем, аз гуфтаҳояш сар печем.
Баръакс доимо аз паи роҳату фароғати вай бошем. Зеро ба қавли шоир:

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад, дасти дуои модар.

Вафодор РАҲБАРИДДИНОВ, донишҷӯи соли сеюми факултети филологияи тоҷикии ДДС

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: