ТАЪЗИР                                                           (ҲИКОЯ)

ТАЪЗИР (ҲИКОЯ)

Ҷавонмарди хароби қадболои гандумранг ниқоби ҳимояро ба даҳону бинӣ кашид, асбоби дорузаниро ба китф овехт ва байни қаторҳои ток даромад. Баргҳои навсабзидаи токро насими сабук алвонҷ медод. Ғӯраҳои аз мош хурдтар гул партофта буданд. Баъзе ғуҷуми шингилҳо аз гулчаҳои заррин дар сар тоҷ доштанд. Пояҳои сафеду зардтоби хӯшаҳо покиза ва дар шуои офтоб ҷило медоданд. Аз дуру наздик сароидани паррандагони гуногун ба гӯш мерасид. Сели кабӯтарони ёбоӣ аз болои сари Хушнуд парида гузаштанд. Ӯ якчанд дақиқа ба ин манзараи зебову назаррабое нигоҳ карда истод, сипас дастаки насосро ба кор дароварда, ба дорузанӣ шурӯъ намуд. Бешитоб, ҳар як сари ангурро тоза шуста қадам мемонд. Ба қатори навбатӣ сад метр дору назада, баргҳои пажмурдаву ғӯраҳои хазонгаштаи токро дида, ҳайрон монд. «Ягон каса¬лие расидааст ё решаро кӯрмуш хоида хушк кардааст», аз дил гузаронд вай. Ба чор тараф нигарист. Дар паҳлӯи кундаи ток тағораи кӯҳнаи пачақшуда парӯ мехобид, атрофи тағора сиёҳ буд. Саросема аз китф тасмаҳои дастгоҳи дорупошакро кушод, ниқоби ҳимояро кашид, дузону нишаста тағораро бардошт. Бӯйи нофорами сӯхтаи олтингӯгирд ба димоғаш расид, дар косахонаи чашмонаш об ҳалқа зад. Дилаш таҳ кашида беҳузур гардид.
«Хонаи рӯбоҳро кӣ сӯзонда бошад? Кадом нобакори ху¬добехабар? – саволҳои беҷавоб дар сараш давр заданд. – Ду кундаи ток ҳам осеб дидааст. Ё бачаҳои молпой карда бошанд? Не, писарбачаҳо шавқи зинда дошта дастпарвар намудан мехоҳанд. Рӯбоҳу бачаҳояш дар куҷо?..»
Хушнуд рӯбоҳчаҳои хушандом, фукборики бинисиёҳ, гӯшҳояшон секунҷаи рости тираранг, пашми танаш ба ран¬ги зарду сурхтоб моилро пеши назар овард. Як моҳ пеш аз ин чуқури ҷармонанд се рӯбоҳчаи навчашмкушода калавида – калавида берун баромада буданд. Аз нурҳои офтоби моҳи май баҳра гирифта, болои хоки нарм ғел мезаданд ва баробари дидани одам тозон ба хона медаромаданд. Хушнуд бурдаи нон ё устухонпораро дар назди хонаашон мегузошт. Баъд ба берун баромадани онҳо, бо часпу талош хӯрокхӯриашон ва бо ҳамдигар гӯштӣ гирифта, аз фуку гӯш ва дум нарм-нарм газиданашонро бо завқ аз паногоҳе тамошо мекард.
Ранги очарӯбоҳ зарди пасти сиёҳтоб, қадаш тахминан панҷоҳ сантиметр, калтапой, дарозии думаш қариб шаст сан¬тиметр буд. Пойҳои тездав ва чашмони айёрона дошт, пеш аз он ки вай ба назди бачаҳояш ояд, аз болои хоктӯдаи сари токзор гирду пешро аз назар мегузаронд. Атроф холӣ бошад, баъд бо эҳтиёт роҳи хонаашро пеш мегирифт, мабодо одам ё сагеро бинад, ё хавфу хатареро пай барад, роҳашро дигар мекард. Хушнуд ҳангоми кор ба омаду рафти модарӯбоҳ халал намерасонад, чун дигарон аз пасаш давида сангсор намеку¬над. Вақти обёрии токзор ғорчаро гӯр намекард, баръакс бо хок «девор» месохт, ки мабодо об даромада хонааш пури об нашавад. Ба ғамхории соҳиббоғ ҷонварон ҳам ҷавоби муносиб мегардонданд. Ангур шира гирифта ранг дарорад селаи пар¬рандагон ҳуҷум оварда, ба ғуҷумҳои ангур минқор мезаданд, аммо бо шарофати ин ҷонварон токзори Хушнуд кам осеб медид. Аз майдони шасту ҳашт гектараи токзор маҳз ҳамин ҷойро интихоб намудани ин ҷонваронро фоли нек медонист. Модарӯбоҳ аз Хушнуд ҳаросида намегурезад, вале наздик ҳам намешавад. Баъзе вақт модарӯбоҳ гӯшашро сих кардаву бо бини бӯй гирифта, гоҳ хазидаву гоҳ ҷаста, аз токзор муш, кӯрмуш, майнаву дигар ҷонварони майдаро дошта ба шир¬хораҳо чӣ тавр шикор карданро ёд медод. Чашмони дурбин, ҷаҳиши чолокона ва маҳорати шикорчигии ӯро дида, Хушнуд қоил шуда буд. Соли сеюм аст, ки модарӯбоҳ дар қатори дую¬ми токзор байни ду кундаи ток чуқур кофта, манзил месохт. Фасли тирамоҳ баробари навдаҳои ток ғорчаро ҳам хокпӯш мекард, аммо ҳар дафъа бехато, қаторро гум накарда, дар як ҷой чуқур кофтани рӯбоҳро дида тасанно хонд.

«Шояд рӯбоҳчаҳо ҳамроҳи модарашон гурехта бошанд?» -худро тасалло дод Хушнуд. Ин дам овози шитир-шитирро шунида, ба тарафи рост нигоҳ кард. Даҳ қадам дуртар, аз бай¬ни навдаҳои ток очарӯбоҳ мегузашт, соҳиби боғро дида дар ҷояш истод. «Мумкин очарӯбоҳ аз ин фоҷиа бехабар аст ё хабаргирии манзилаш омадааст?», – аз дил гузаронд ӯ. Ба ин гуна ваҳшигӣ фақат одами дилсанг, бераҳму бешафқат даст заданаш мумкин. Ё ин кори ҳамсоябоғаш Низомамак бошад? Марди ҷабинтанги лабтунук, аксар вақт абрӯ гиреҳ задаву лабу абрӯ турушида, аз зиндагии сахту пешонаи шӯри худ менолад. Кораш пеш наравад, мушкилие пеш ояд, аз тақдир неву аз дигарон домандор мешавад. Панҷ сол муқаддам токпарварони қитъа пешу оқиб сутуни бетонӣ шинонида, навдаҳои токзори худро ба сим кашиданд. Хараҷоти зиёдативу ташвишаш бисёр гӯён Низомамак сим намекашид. Бамавриду бемаврид пичинг мезад ба ҳамкорон. Ҳангоми ангурканӣ ангури воишу заминӣ фарқ дошт. Харидорон маҳсулоти Низомамакро бо нархи паст мегирифтанд. «Ҳосили токҳои шумоён бисёр, сифаташ нағз, даромадатон ҳам нисбат ба ман калон. Токи мана маззааш не, ҳатто хараҷотро намебардорад», гӯён менолид. Ҳатто аз баҳри токзораш баромаданӣ шуд. Падари Хушнуд ба ӯ насиҳат дода, аз райъаш гардонид. Баъди як сол додарарӯсаш раиси хоҷагии фермерӣ шуду ба ӯ Худо дод. Аз ҳисоби дигарон ток¬зораш воиш шуд, ҷӯйкобӣ набарояд ҳам, об аввал аз они ӯ буд. Бенавбат қубурро мекушод, пеши ҷӯйро мебаст, ба ҳаққи дигарон ноинсофӣ мекард. Калонсолон андеша мекарданду раис ба шикояти аъзоён «монетон гирад, набошад оби чашми хоҳарамро чак – чакон мекунад» мегуфт даст афшонида.
– Ҳамин рӯбоҳчаҳоро нест кун! – гуфта буд Низомамак ду ҳафта пеш.
– Амак, ризқу рӯзияшро чида хӯрда гаштаст –ку, – ҷавоб дод бо табассум.
– Эъ, рӯбоҳ дузд, мурғу чӯҷаҳои мардумро нобуд мекунад, зиён мебиёрад. Ҳозир се адад, соли оянда боз зиёд меша¬вад. Хас каму ҷаҳон пок, зарароварро безарар кардан лозим. Вақти обёрӣ ба хонааш об кушо, ду халта сангреза ё шишаҳоро майда карда ба чуқур резу аз болояш хок каш, дигар кофта наметавонад.
– Ин ҷонварон чӣ гуноҳе доранд, ки ин қадар бад мебинед?
– Дар овони наврасӣ катак сохта бо азоб тин – тин пул ғун¬дошта чор адад мурғ харидам, ҳамаашро авлоди ана ҳамин зар¬даки гӯшборик бурд. Ҳа нагуфта ангур мепазад, нобуд кунанд, нақшаро аз кадом ҳисоб иҷро мекунам
– гуфта буд бо зарда.
Тавба! Як гап мезанад, ки худди нақшаро ҳар сол барзиёд иҷро мекарда бошад. Дари катаки сохтаат маҳкам набошад, сагу гурбаи ёбоӣ ҳам мебарад. Туфанге намеёбад, ки ин ҷонва¬ронро парронад. Солҳое, ки хоҷагӣ ҷамоавӣ буд, Низомамак аспу ароба дошт. Рӯзона дилу бедилон ба ҳисоби хоҷагӣ ангур меканду шабона каппаро пур карда, ба хонааш рустӣ мебурд. Нақшаро иҷро намекард, ба танбеҳи сардори бригада намедо¬нам ангур чӣ шуд? Кӣ медуздад? Ман ҳайрон» мегуфт. Аз бисёр такрор намудани ин калима лақаби «Ҳайрон» — ро гирифта буд.
Чаро ин қадар дуруштсухану бадхӯ? Дили касро фаҳмидан душвор. Ба ягон кас қадре ёриаш расад, ҷуволи миннаташ ку¬шода мешуд. Тобистони соли гузашта навбати обёрӣ шабона ба Хушнуду Ҳайрон расид. Ҳайрон қубури даҳонвасеъро яла намуд, сипас аз бормонаки сабукрав шолу кӯрпача гирифта, лаби ҷӯй партофт ва болои он каҷпаҳлӯ зад. Ҳар замон, «хез ҷиян, ту ҷавон, ғиззи рафта дарғотро хабар гир, ба хаёлам об кам шуд», – гуфта Хушнудро ба ҳолу ҷонаш намемонд. Нима¬шаб, дафъаи сеюм пойи пиёда назди дарғот рафта омад. То баргашта омаданаш Ҳайрон аллакай даруни қубури Хушнуд санг монда, дар даруни сабукрав пинак дошт. Хушнуд роҳи обро кушодани буд, ки тозон аз мошин фаромада дасташро дошта таҳдид кард:
– Накоб, бо ҳамин санг ба фарқи сарат мезанам!
Ҷаҳлаш омад, хунаш ҷӯшида бо чолокӣ аз гиребони ҳамсоябоғ гирифт. Ин тавр ранг гирифтани вазъиятро Ҳайрон чашм надошт, бо нармии кинояомез гуфт:
– Занед хӯҷаин, болои шолу кӯрпача шинонидам, даруни мо¬шин гарм шудед, то манзилатон бурда мебиёрам, ҳақ доред, занед!

Бо шахси ҳамсоли падараш ба¬рои об занозаниро нанг донист, гиребони ӯро сар дод. Ду маротиба ба мошин савор карданашро чанд бор миннат кард мунофиқ. Хости парвардигор аст, якеро одаму дигареро ҷонвар, хазандаву пар¬ранда меофарад. Дар табиат ҳар кадоме ҷою мақоме доранд. Ҷон барои ҳама ширин. Вале ҷонварон маҳруманд аз шафоату табобат, бо шикор рӯз мебинанд. Пештар дар ду канори рӯди Дарғам ва дигар ҷойҳо ҷару сой, чакалакҳо бисёр буд, рӯбоҳу шағол, сагони бесоҳиб маконе сохта мезистанд. Ҳоло ҳама ҷой обод гардид, ин ҷонварон куҷо

раванд? Ватанашон ҳамин ҷой, савод надоранд, ки ҳуқуқашонро ҳимоя кунанд. Аллоҳи меҳрубон бани одамро азизу мӯътабар на¬муда, ҳуқуқи несту нобуд кардани дигар мавҷудодро надодаст. «Гург ба рама ҳуҷум мекунад, наҳангу кит моҳӣ мехӯрад, мор заҳр меза¬над, шеру паланг дарранда», гуфта нобуд созем, ба насли оянда ғайри сурат чӣ мемонем? Низоми Ҳайрон онҳоро дузду зараровар мегӯяд. Байни мардум дуздони дупо ма¬гар каманд: ҳам ба давлат, ҳам ба ҷамъият зарар меоваранд!
Модарӯбоҳ аз болои хоктӯдаи зери дарахти тут бо овози ҷонха¬рош «ъав.. ъав..ъав» гӯён фарёд мекашид. Бечора фарзандонашро меҷӯяд. Модар ҳама вақт модар аст, ғами фарзандонашро мехӯрад. Гу¬мон аз имон ҷудо мекунад мегӯянд. Имрӯз ҳам шояд аз Низомамак нодуруст гумон мебарам. Марди наберадор наход ба ин дараҷа бе¬раҳмӣ даст занад? Бо ин андешаҳо Хушнуд дорузанон ба аввали қитъа баромад. Низомамак алафҳои дав¬ридаашро ба борхонаи сабукрав ҷой мекард. Ба саломи Хушнуд сар ҷунбонида, баъд қоматашро рост гирифта пурсид:
– Рӯбоҳатро хабар гирифта хӯрок дода меоӣ?
– Бачаҳои шӯх хонаашро оташ задаанд.
– Ҳӯ ука, ба ту чанд бор гуфтам, дору ба ягон ҷой бурда парто. Гӯш накардӣ, – гуфт Низомамак ва тоқии сарашро гирифта чангашро бо пушти даст шипонида пӯшид. – Дирӯз баъди пешин рӯбоҳҳоятро бо сангу кулӯх зада сур кардам. Афсӯс, ки модарӯбоҳ гурехт, ба¬чаҳояш аз тарс ба хонааш даромад, зуд ба чуқур олтингӯгирд рехтам аз болояш хасу хошок партофта гӯгирд задам. Мабодо рӯбоҳбачаҳо аз ҳавли ҷон худро берун назананд, тағораро ба болояш пӯшидам. Бечораҳо «ча..ав, ча..ав, ча..а..ав» менолиданду илоҷи халосӣ набуд.
Ҳайрон «қаҳрамонӣ»-и худро чунон обу ранг дода таърифу та¬свир мекард, ки пеши чашмонаш рӯбоҳчаҳо не, балки духтар ва писараконаш омаданд. Чашмони Хушнуд торафт калонтар кушода шуд, ангуштонашро сахт фишурд, дандонҳояш ғиҷиррос заданд. Ҳай¬рон беист гап мезад. Хушнуд па¬лангвор ба ӯ дарафтод. Ҳайронро ба замин ғалтонида ба сару рӯяш мушт мезад.
Роҳгузарон ба ҷони Ҳайрон оро даромаданд. Хушнудро аз бозую миён дошта кашолакунон дуртар бурданд. Ҳайрон даҳону бинни¬ашро дошта аз ҷой хест, хун аз ка¬фаш таровида ба бараш мечакид. Бо чашмони ваҳшатзада ба хун нигаристу дод зад:
– Девона, акнун очаи зоратро нишон медиҳам. Бо ҳамин ҳол ба милитсияхона меравам, ба идораи дахлдор шикоят менависам. Мана инҳо гувоҳ. Наздам чорпо илтиҷо карда мебиёӣ, – гӯён тоқиашро ҳам фаромӯш карда, бо ғур – ғур ба са¬букрави кӯҳнааш савор шуда рафт.
– Таъзирашро додӣ, ҳаққи ода¬ми нобоб чунин аст, – гуфт яке аз ҳозирон даст ба китфи Хушнуд монда.
– Ба дарди бад давои бад, на¬сибаашро гирифт, – илова намуд дигаре.
Хушнуд, ки то ҳол чӣ кор карда монданашро намедонист, нафаси чуқур кашид ва оҳиста ба дарахти олуболу такя намуд.

Комил ҶӮРАЗОДА

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: