Журналистони Тоҷикистон- меҳмони Самарқанд

Журналистони Тоҷикистон- меҳмони Самарқанд

Тавре ки хабар дода будем, як гурӯҳ рӯзноманигорони Мактаби мустақили хабарнигории “Тоҷикистон-асри XXI”-и Ҷумҳурияти Тоҷикистон ба шаҳри Самарқанд омаданд.
Имрӯз онҳо нахуст ба Хонаи матбуоти вилоят омада бо фаъолияти бо таҳририятҳои рӯзномаҳои “Зарафшон”, “Самаркандский вестник” ва “Овози Самарқанд”, музейи таърихии “Матбуоти воҳаи Зарафшон” шинос шуданд.
Сипас, ба Ширкати садо ва симои вилоят рафтанд. Барои меҳмонон барномаи махсус ташкил гардид, ки меҳмонон оиди робитаҳои дӯстии халқҳо фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Инчунин, аз фаъолияти Маркази маънавӣ –маърифии «Олами китоби Самарқанд» дидан карданд.
Ҳайати намояндагон дар доираи ташриф ба Хона-музейи устод Садриддин Айнӣ рафтанд. Ташрифи хабарнигорон ба вилоят давом дорад.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: