Хурсандии дучанд дар маҳаллаи Шукрона

Хурсандии дучанд дар маҳаллаи Шукрона

Дар маҳаллаи Шукронаи шаҳраки Кимёгарони Самарқанд ба 37 нафар шахсони ногиро, камтаъмин ва эҳтиёҷманд хонаву ҷой, ки дар асоси лоиҳаи намунавӣ бунёд гардидаанд, супорида шуданд.
Ба ҳамин муносибат тадбире барпо гардида, дар он ҳокими вилоят Э. Турдимов ва вакилони ҷамоатӣ иштирок карданд.
– Ин шаҳрвандон солҳо боз дар хонаҳои иҷора ва шароити душвор зиндагӣ мекарданд. Барои соҳиби хонаву ҷой шудани онҳо шӯъбаи вилоятии Хазинаи хайриявию ҷамоатии «Маҳалла», Иттиҳодияи ташкилотҳои иттифоқи касабаи вилоят ва ташкилотҳои бинокорӣ ёрии ҳомигӣ расонданд, – гуфт ҷонишини ҳокими шаҳри Самарқанд, раиси Кумитаи зан ва духтарони шаҳр З. Раҳмонова. – Аксарияти онҳое, ки имрӯз соҳиби хона шуданд, хоҳиши кор кардан доранд. Бинобар ин, масъалаи таъмини шуғли онҳо низ ба таври мусбӣ ҳал хоҳад шуд.
Ҳоло дар шаҳри Самарқанд беш аз ҳазор нафар шаҳрвандон дар рӯйхати шахсони ба хонаву ҷой мӯҳтоҷ меистанд. Чораҳои солҳои наздик ба ҳамаи онҳо зина ба зина додани хонаву ҷой дида мешавад.
– Ҳафт сол боз дар шароити душвор зиндагӣ мекардам, – гуфт сокини шаҳри Самарқанд, ногирои гурӯҳи якум С. Абдуллоева. – Ба ҳокимият муроҷиат карда будам. Онро ба инобат гирифта, ба ман хонаи нав доданд, ки аз ин сарам ба осмон расид. Гуфтам, ки дӯзандагӣ аз дас­там меояд. Мутасаддиён ваъда доданд, ки маро бо кор таъмин мекунанд. Аз ин хурсандиам дучанд шуд. Ба давлатамон барои ғамхорӣ ба шахсони чун ман эҳтиёҷманд ҳазорҳо ташаккур мегӯям.
Маросими супурдани хонаву ҷой ба тантанаи калон табдил ёфт. Дар он фазилатҳои баланди хоси халқамон чун саховат, меҳру оқибат ва ҳамҷиҳатӣ намоён шуданд. 37 нафар шаҳрвандони соҳиби хонаву ҷой шударо, ки сокинони шаҳри Самарқанд ва ноҳияҳои Самарқанд, Тайлоқ ва Ургут мебошанд, пайвандону наз­диконашон табрик намуданд.

С.РАҲМОНБЕРДИЕВА.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: