Кирмакпарварон ба марра расиданд

Кирмакпарварон ба марра расиданд

Кирмакпарварони вилоятамон доир ба парвариши кирмак нишондоди шартномавиро ба 100,1 фоиз иҷро намуда, ба ҷойи 2645-тонна-2646,6 тонна пилла супурданд.
Бахусус, кирмакпарварони ноҳияҳои Пастдарғам, Каттақўрғон, Нарпай, Булунғур ва Иштихон аз аввалинҳо шуда нақшаи шартномаро иҷро карданд.
Ашёи хоми пиллаи вилоят ба сифати навъи олӣ қабул гардида, аз ҳар як қуттӣ ба ҳисоби миёна 56-57 килограмм ҳосил ҷамъоварӣ шуд.

Имсол кирмакпарварони ноҳияи Каттақӯрғон ба нуқтаи қабули корхонаи хусусии «Кумуш тола» («Риштаи нуқрагин») беш аз 295800 килограмм пилла супурда, ба марра расиданд.
– Мо сари сол ба даҳ ҳазор звенои кирмакпарварони ноҳияҳои Каттақӯрғон, Ҷомбой ва Тайлоқ тухмии пилла ва барои ҳар қуттиаш 200 ҳазор сӯмӣ бунак – пешмузд додем, – гуфт муассиси корхона Марям Ниёзова. – Тухмиҳо хориҷӣ буда, ҳар як қуттиаш ба ҳисоби миёна 65 килограммӣ ҳосил дод. Қониқ Нодирова аз хоҷагии фермерии «Учтепа», Райҳон Ёдгорова аз хоҷагии фермерии «Ҳикматбобо»-и ноҳия ҳосили баланд гирифтанд. 30 фоизи кирмак дар дастаҳои сунъӣ (аз пластмасса) пилла бастанд.
– Соли ҷорӣ дар майдонҳои чор сектори ноҳия 68 гектар тутзор барпо намудем. Ин дар солҳои оянда барои парвариши 200 қуттӣ кирмак кифоя буда, дар моҳҳои июн-­июл-­август-­сентябр 4 маротиба пилла парвариш намудаи мумкин аст, – гуфт сардори ҶММ «Агропилла»-и ноҳия Роҳила Шомуродова. – Ҳоло дар нуқтаи қабули пилла кор дар авҷ мебошад. Барои ҳар як килои пилла дар сари тарозу нақд 20000 сӯмӣ медиҳанд. Аз ҳосили соли гузашта ба мамлакатҳои Хитой, Эрон ва Покистон 1 миллиарду 625 миллион сӯмина абрешим-­калоба фурӯхтанд. Дар ҳавлии нуқтаи қабули пилла 1,5 миллиард сӯмина корҳои сохтмону монтажӣ иҷро гардида, бинои маъмурӣ ва таҳлилхона сохта мешавад.
Барои дар оянда ба роҳ мондани гилембофии абрешимӣ 10-то дастгоҳ оварданд.
Имсол дар ноҳия пиллахонаҳое, ки дар онҳо имконияти парвариши беш аз 10 қуттӣ кирмак мавҷуд аст, сохта мешаванд ва сафи кирмакпарварон зиёд хоҳад шуд.

Тоҳир НОРҚУЛОВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: