5 ташаббуси Президент дар амал

5 ташаббуси Президент дар амал

Фестивали касбҳо


Дар коллеҷи иқтисодиёт ва сервиси Пайариқ бо мақсади шавқи ҷавононро ба касбу ҳунар бедор намудан, таъмини шуғли онҳо «Фестивали касбҳо» гузаронида шуд.
Дар он намояндагони ҳокимият, шӯъбаи таълими халқи ноҳия, хатмкунандагони мактабҳои гирду атроф иштирок доштанд. Дар тадбир оид ба рушди соҳаҳои моҳипарварӣ, паррандапарварӣ, ҳунармандӣ таҳияи нақшаи тиҷоратӣ, мавқеи пазандаи таомҳои миллӣ, дӯзандагӣ, челонгарӣ, инчунин оператори компутер ва ғайра дар ҷамъият маълумот дода шуд.
Мувофиқи панҷ ташаббуси муҳими аз ҷониби Президент пешгузошташуда, ба масъалаи бо кор таъмин намудани занону духтарон низ эътибори алоҳида дода шуд.

Вохӯриҳо бо ургутиён

Дар ноҳияи Ургут ҳафтаи гузашта «Ҳафтаи амалигардонии лоиҳаҳои ба ҳимояи иҷтимоии ҷавонон нигаронидашуда», ҳафтаи ҷорӣ бошад, баргузории «Ҳафтаи тадбирҳои маънавиву маърифӣ ва амалинамоии лоиҳаҳои тарғиботии иҷтимоӣ-­ҳуқуқӣ» идома дорад.
Инчунин, дар маркази «IIO FMB Probatsiya»-и ноҳия бо ҳамкории ҳокимияти ноҳия, Хизмати пробатсияи Садорати корҳои дохилӣ, Маркази кӯмак ба таъмини шуғли аҳолии ноҳия, Шӯрои ноҳиявии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон бо мақсади ёрӣ барои ба ҷамъият мувофиқ шудани ҷавонон, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ додан ба онҳо сӯҳбат гузаронида шуд.

Варзиш – асоси саломатӣ

Дар ноҳияи Каттақӯрғон тибқи панҷ ташаббуси Президент оиди ҷавонон, лоиҳаҳои муҳим амалӣ мешаванд.
Яке аз онҳо машғулоти тарбияи ҷисмонии «Дар тани солим – ақли солим» мебошад, ки пагоҳӣ бо иштироки каттақӯрғониёни аз 7 то 70-сола гузаронида шуд. Дар байни онҳо занону бачагон ва пирони нуронию шахсони миёнасол низ зиёд буданд. Онҳо аз тадбир бо таассуроти нек баргаштанд.
Инчунин, бо ташаббуси Шӯрои ноҳиявии Иттифоқи ҷавонон бозии футбол ташкил шуд. Дар он роҳбарони ташкилотҳо, ходимон, ҷавонони хоҳишманди ноҳия иштирок доштанд. Ҳоло баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ва аксияҳо, инчунин лоиҳаҳо идома дорад.


Таҳияи Ф.МУҲАММАДҶОН.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: