Ғолибони зинаи вилоятӣ муайян гардиданд

Ғолибони зинаи вилоятӣ муайян гардиданд

Дар боғи истироҳати ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқанд зинаи вилоятии озмун – азназаргузаронии «Ташаббус – 2019», ки барои тӯҳфаи Президенти мамлакатамон ба таври анъанавӣ гузаронида мешавад, баргузор гардид.
Дар озмун 78 нафар ғолиби зинаи шаҳриву ноҳиявии озмун қувваозмоӣ карданд. Онҳо намунаҳои маҳсулот ва намудҳои хизматрасониро пешкаши ҳакамон, вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ ва дигар меҳмонон намуданд
Аз ҷониби ҳайати ҳакамони озмун аниқ кардани ғолибон осон нашуд.
Дар озмун инҳо ҷойи якумро гирифта, ғолиб дониста шуданд:
Ӯлмас Аблаёров, роҳбари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуд (ҶММ) – и «Мараканд Лед инвест» -и ноҳияи Пастдарғам – ғолиби самти «Тадбиркори беҳтарини сол дар соҳаи саноат»;
Мансур Ёрбеков, роҳбари ҶММ «Фаровон метан савдо» – и ноҳияи Булунғур – ғолиби самти «Тадбиркори беҳтарини сол дар хизматрасонӣ»;
Шаҳрам Амонов, роҳбари корхонаи оилавии «Амонов мебел текстил» – и шаҳри Самарқанд – ғолиби самти «Тадбиркори ҷавонтарини сол»;
Толибҷон Абдуҷалилов, роҳбари хоҷагии фермерии «Pichoqchi Dry Fruits» – и ноҳияи Оқдарё ғолиби самти «Фермери беҳтарини сол»;
Савлат Раҳмонов, кандакори (санг) аз шаҳри Самарқанд – ғолиби самти «Ҳунарманди беҳтарини сол».
Дар озмун ғолибони равияҳои «Тадбиркорзани беҳтарин», «Лойиҳаи инноватсионии беҳтарин», «Тадбиркоре, ки барои ҷавонон аз ҳама бештар ҷойи корӣ фароҳам овардааст» ва ғайра аниқ ва сарфароз гардонида шуданд.
Дар тадбир ҷонишини якуми ҳокими вилоят Ҷ. Ӯроқов ва ҷонишини ҳокими вилоят, раиси Кумитаи зан ва духтарони вилоят Г. Алимова иштирок доштанд.
Ғолибон бо дип­лому тӯҳфаҳои қиматбаҳои ҳокимияти вилоят сарфароз гардида, ҳуқуқи иштирокро дар зинаи ҷумҳуриявии озмун ба даст оварданд.

Ҷамшеди АСРОР.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: