Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо…

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо…

Боиси хурсандист, ки баъди сафа¬ри таърихии сарварони ду ҷумҳурияти ҳаммарз – Ӯзбекистону Тоҷикистон дар муносибатҳои ду кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Чанде пеш як гурӯҳ ходимони расонаҳои ахбори уму¬ми кишварамн ба давлати ҳамсоя азми сафар намуда, ҳамкориҳо оғоз гардида буд. Дар доираи ҳамин робитаҳо ҳайати намояндагони мактаби мустақили ха¬барнигории «Тоҷикистон – асри XXI»-и Ҷумҳурияти Тоҷикистон аввал ба пой-тахти мамлакатамон – шаҳри Тошканд ва сипас Бухорои шариф азми сафар намуда, шоми 10-уми июни соли равон тавассути поезди тезгарди «Афросиёб» ба шаҳри мо омаданд.
Меҳмонони олиқадрро сарвари шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, сардаби¬ри таҳририяти муштараки рӯзномаҳои «Зарафшон» ва «Самаркандский вест¬ник» Фармон Тошев, сарвари Садорати матбуот ва ахбори вилоят Манноб Ибо-дуллоев, сардабири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов ва ди¬гарон самимона пешвоз гирифтанд.
Бегоҳии ҳамон рӯз меҳмонон дар майдони Регистон шуда, маҷмӯаро бо як олам ҳаяҷон тамошо карданд.
– Ман бори нахуст ба Ӯзбекистон меоям, – гуфт директори ширкати теле¬визиону радиои «ASIA-РLUS» Манижа Аҳмадова. – Бовар кунед, ки дар тӯли се рӯзи охир як олам таассурот гирифтам. Боздид аз марказҳои кӯҳнаи тамаддуни дунё – Самарқанду Бухоро орзуи ман буд, ки инак ҷомаи амал пӯшид. Ба таш¬килотчиёни саёҳат як олам ташаккур!
Рӯзи 11-уми июн ҳайати на¬мояндагони расонаҳои ахбори оммавии Тоҷикистон ба Хонаи матбуоти вилоят ташриф фарму¬данд. Боздиди онҳо аз осорхонаи матбуоти Самарқанд оғоз ёфт. Инчунин, бо фаъолияти рӯзно¬маҳои «Овози Самарқанд», «За¬рафшон», «Самаркандский вест¬ник» аз наздик шинос шуданд. Алалхусус, ба меҳмонон вохӯрӣ бо эҷодкорони ҳамзабон – «Ово¬зи Самарқанд» шавқангез буд. Сардабири рӯзнома Б.Раҳмонов доир ба комёбиҳои солҳои охири ҳамкорон иттилоъ дода гуфт, ки дар озмуни байналхалқии«Ол¬тин қалам»-и ҷумҳурият ҷоиза гирифтан осон набуд. Ҳоло барои нигоҳ доштани шӯҳрати рӯзнома тамоми эҷодкорон як дилу як тан шуда, фидокорона меҳнат меку¬над ва баҳри гул-гулшукуфтани Ватани соҳибистиқлол кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Сипас, дар маҷлисгоҳи Хонаи матбуоти вилоят бо журналисто¬ни Самарқанд вохӯрии шавқан¬гезу дилнишин баргузор гардид. Ба анҷуман тахририяти Фармон Тошев ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Директори мактаби мустақи¬ли журналистони «Тоҷикистон – асри XXI» Сафо Сафаров таъкид кард, ки чанд сол мо аз якдигар ҷудо будем ва имрӯз хушбахто¬на, на танҳо сарҳадҳо, дилҳоро ба ҳам боз намудем. Бо боварии комил метавон гуфт, ки минбаъд ҳамкорӣ ва таҷрибаомӯзӣ густа-риш хоҳад ёфт.
Дар Ширкати садо ва симои вилоят низ сӯҳбати хосса идома ёфт, ки дар он на танҳо журнали¬стони Самарқанду Тоҷикистон, инчунин, тадбиркорону корчал¬лонҳо ширкат варзиданд.
– Камина ҳамчун аксбардор борҳо ба Самарқанд омада, бисёр албом таҳия намудам, – гуфт Алишер Пиримқулов. – Ва ҳар дафъа мавзӯи навро пайдо ме¬кунам. Охир Самарқанд макони эҷоду илҳом аст. Боиси хурсан-дист, ки аксҳои ман на танҳо дар расонаҳои ахбори Тоҷикистон, инчунин, дунё паҳн мешаванд.
Сипас, ҷонишини сардабири рӯзномаи «Имрӯз Плюс» Назир Нусрат, муовини муҳаррири рӯзномаи «Хатлон» Носирҷон Маъмурзода, рӯзноманигор Аф¬залшоҳ Бобосолеев ва дигарон ба сухан баромада оид таърихи, дӯстии ду халқ ибрози фикр на¬муданд.
– Ман ҳамчун тадбиркор дар шаҳрҳои Исфара, Хатлон ва ди¬гар гӯшаву канори Тоҷикистон ҳамкорон дорам, – гуфт Заршед Муҳаммадиев аз ноҳияи Са¬марқанд. – Корхонаи мо ба ис¬теҳсоли гӯшти парҳезӣ, тухм ва ҷӯҷаҳои зотӣ машғул аст. Умед дорем, ки ҳамкорӣ мустаҳкам мешавад.
Меҳмонон дар доираи сафар ба Ӯзбекистон бо фаъолони кор¬гоҳи автомобилии «СамАвто», ширкати коғазбарории «Конигил – мерос» шинос шуданд. Боздиди ёдгориҳои таърихии Самарқанд – мақбараи Амир Темур, расад¬хонаи Мирзо Улуғбек, мақбараи Хоҷа Дониёр низ ба меҳмонон таассуроти хотирнишин гузошт.
Бегоҳӣ дар назди пояи муҷас¬самаи бузургони адабиёти тоҷи¬ку ӯзбек, устоду шогирд Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ шоми ғазалу суруд ба вуқӯъ пайваст.
Имрӯз ташрифи меҳмонон ба маҷмӯаи Ҳазрати Хизр, мақбараи Аввалин Президенти Ҷумҳурия¬ти Ӯз

бекистон Ислом Каримов, маҷмӯаи Имом Ал-Бухории ноҳи¬яи Пайариқ, корхонаҳои мин¬тақаи озоди иқтисодии «Ургут» ва хоҷагиҳои фермерии бисёр¬соҳавии ноҳияи Тайлоқ дар назар аст

Имрӯз ташрифи меҳмонон ба маҷмӯаи Ҳазрати Хизр, мақбараи Аввалин Президенти Ҷумҳурия¬ти Ӯзбекистон Ислом Каримов, маҷмӯаи Имом Ал-Бухории ноҳи¬яи Пайариқ, корхонаҳои мин¬тақаи озоди иқтисодии «Ургут» ва хоҷагиҳои фермерии бисёр¬соҳавии ноҳияи Тайлоқ дар назар аст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: