Донишро омӯзгор намедиҳад онро бояд худи донишҷӯ ҷуста, хонда гирад

Донишро омӯзгор намедиҳад онро бояд худи донишҷӯ ҷуста, хонда гирад

Дирӯз дар шаҳри Самарқанд зери мавзӯи «Сохтори таълими олии Ӯзбе¬кистон: зинаи нави ислоҳот, таҳлили амиқи муаммоҳо ва ҳалли саривақтии онҳо» анҷумани сайёри Пресс клуби байналхалқӣ баргузор гардид.
Дар он роҳбарон, устодон ва донишҷӯёни 8-то муассисаи таълими олии Самарқанд, падару модарон иштирок карданд.
Дар анҷуман мутахассисон ба саволҳо оиди ислоҳоту муаммоҳои таълими олӣ ва ҳалли онҳо посух доданд.
— Дар давоми бист сол барои баланд бардоштани сифати таълим дувоздаҳ маротиба нақшаи таълим ва матни маърӯзаҳо иваз шуданд, вале натиҷа ба тарафи мусбӣ тағйир наёфт, – гуфт ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Рустам Холмуродов. – Ҳатто ҷавонони мо боақлтар шаванд гуфта, китобҳои дарсии профессору омӯзгорони хориҷиро тарҷума карда додем, вале на¬тиҷа дилхоҳ нашуд. Саҳеҳтараш, масъалаи асосӣ ҳалли худро наёфт. Яъне, сохторе, ки доншҷӯйро ба мустақилона гирифтани дониш ҳидоят мекунад, ба роҳ монда нашуд. Ин масъалаи оддӣ не.
Донишро омӯзгор намедиҳад, онро худи донишҷӯ ҷуста, хонда, гириф¬танаш зарур аст. Аксарияти ҷавонписарону духтарон таҷрибаи мустақи¬лона гирифтани донишро надоранд. Барои ин худи мо айбдорем. Чунки дар пурсидани дарсҳо, гирифтани имтиҳонҳо ба адолат ва шаффофӣ амал накардем. Чанд сол баҳо гирифтани донишҷӯён ба воситаи ёру ошноӣ шуд. Дар натиҷа дар донишҷӯён кайфияти «нахонда ҳам таълим гирифтан мумкин» реша давонд.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: