«Фонограмма», баландгӯяк ва… сарояндаи асил

«Фонограмма», баландгӯяк ва… сарояндаи асил

Маълум ки мардум ба базму сур фақат барои дидорбиниву таом не, балки гирифтани ғизои маънавӣ, яъне шунидану баҳрабардорӣ аз суруду таронаҳои дилангез меоянд. Агар ба ҷавонон аксар таронаҳои шӯху фараҳовар писанд бошад, ба миёнсолон ва солхӯрдагон сурудҳои ботамкину ором маъқул аст. Сароянда низ мебояд, ки ба завқу табъи ҳозирон нигоҳ карда, ҳунарнамоӣ кунад.
Дар базми никоҳие, ки дар яке аз тарабхонаҳои шаҳр баргузор гардид, ҳузур доштем. Дар навбати худ ҳофиз ба нағмасароӣ сар кард. Якбора сурудҳои шӯху рақсӣ садо доданд ва байни саҳна низ гӯё «пурталотӯб» гардид. Аммо дар айни авҷу хурӯш қувваи барқ хомӯш шуд. Дигар на аз ҳофиз садое мебаромаду на мусиқие шунида мешуд. «Мис»-и санъаткорон фош шуда буд – онҳо ба воситаи фонограмма хизматрасонӣ мекардаанд. Дар ин вақт соҳибтӯй низ норозиёна ба онҳо суханони пасту баланд гуфт. Маълум шуд, ки «артист»ҳо ваъда додаанд, ки бо овози зинда мехонанд. Меҳмонон низ изҳори пушаймонӣ менамуданд.
Дар ин вақт воқеае ба ёд омад, ки солҳои 80-уми асри сипаригашта рӯй дода буд. Ба яке аз тӯйҳои деҳа овозхони шинохта Ҳусейн Насриддин омад. Тӯй дар майдони кушод гузаронида шуд ва мардум гирд гирифта, ба ҳунарпешагон чашму гӯш шуда буданд. Ногоҳ барқ хомӯш шуд. Баъди чанде мардум норозиёна пароканда шудан гирифтанд. Соҳибтӯй мисли гунаҳкоре дар мобайн рост истода, аз ҳиҷолат чӣ кор карданро намедонист. Ин ҳолати ӯро сароянда дида, байни маърака баромад ва бо овози баланд ба одамон муроҷиат кард:
– Бародарон! Ҳамин кас ҳам бо умед тӯй кардааст. Акнун барқ нест гуфта рафтан дуруст не-ку. Барои шумоён ман бе баландгӯяк мехонам. Нараветон, илтимос. Тӯйи ҳамин мардак вайрон нашавад.
Ва ба даст торро гирифту доира ҳам ба ӯ ҷӯр шуд. Одамон сурудхонии ӯро шунида, якто – якто баргашта омаданд. Аз ким-куҷо балони кӯҳнаи «Камаз»-ро пайдо карда, оташ гиронданд. Рӯшноӣ шуд. Ҳусейни Насриддин ба нағмахонӣ сар карда, бо ҳамин қариб чор соат бе баландгӯяк суруд хонд. Гоҳ таронаҳои мумтозро аз ашъори Ҳофизу Саъдӣ, Ҷомиву Бедил мехонду гоҳ сурудҳои шӯхи халқӣ, ё аз ашъори шоирони муосир, мисли Турсунзодаву Лоиқ замзама менамуд. Соҳибтӯй бошад, аз хурсандӣ чӣ хел миннатдорӣ карданро надониста, ба чор тараф равуо мекард. Чунинанд санъаткорони асил. Имрӯз барои Ҷӯрабек Муродову Шералӣ Ҷӯраев ва Далер Назаров барин ҳанарпешагон на баландгӯяк лозиму на воситаи дигар. Халқ ҳам онҳоро мешунаваду эъзоз мекунад.
Бо қарори Президенти мамлакатамон ташкил намудани Хона – музейи ҳунарпешаи асил Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов низ аз чунин иқдоми наҷиб сарчашма мегирад. Халқ аз суруду таронаи баландмазмун ғизои маънавӣ мегирад ва ҳатто ба ҷаҳонбинию тафаккурашон низ таъсир мерасонад. Мазмуну мӯҳтавои сурудҳо низ муҳим аст. Мақсади аслии сароянда на танҳо ҷамъоварии маблағ, балки ба халқ расондани хизмати софдилона бошад, нуран ало нур мегардад.

Ф.ШУКУРЗОДА

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: