14-УМИ ИЮН – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ДОНОРҲО                                                           Барои наҷоти ҳаёти инсон

14-УМИ ИЮН – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ДОНОРҲО Барои наҷоти ҳаёти инсон

Дар стансияи вилоятии хунгузаронии рақами 1 ҳангоми бозсозӣ технологияи нав ва таҷҳизоти замонавӣ гузошта шу¬данд. Ҳоло ба воситаи онҳо хуни донорҳо аз 9 ҷиҳат таҳлил ва аз санҷиш гузарони¬да мешаванд. Баробари муайян кардани гурӯҳи хун ва факторҳои дигари он, ни¬шонаҳои бемориҳои гуногун, аз қабили кубод (гепатит)-и В ва С, табларза, оташак (сифилис) ва ғайраро муайян кардан мум¬кин аст. Ҳатто, ба қарибӣ паст шудани фонди иммунитети чанд касро муайян карда, ба маркази мубориза бар зидди СПИД-СННИ фиристодем ва ташхиси ду нафари онҳо ба ин беморӣ тасдиқ гардид. Ман дар стансияи вилоятии хунгузаро¬нии рақами 1 45 сол боз кор мекунам. Дар тӯли ин солҳо картотекаи зиёди донорҳо ва онҳое, ки ба ягон бемории хавфнок ги¬рифторанд, ҷамъ омадааст. Ин кор чунин ба роҳ монда шудааст: вақте ки ному фа¬милия ва маълумоти шиносномаи шахсе ба компутер дароварда мешавад, ҳамон лаҳза аниқ мегардад, ки ӯ дар ҳисоби мо меистад ё не, ё ӯро аз кадом рӯйхат бояд ҷустуҷӯй кард. Агар ӯ мизоҷи нав бошад, барои вай картотекаи алоҳида тартиб дода, баъди таҳлили хун маълумотҳои иловагӣ бо сураташ дохил карда меша¬вад. Ба туфайли ин гуна картотекаҳо ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои дигари тиббӣ ба донорҳое, ки хуни корношоям доранд, диққати ҷиддӣ медиҳем. Шиори мо «Фо¬идаи бештар ба бемор – ҳеҷ гуна зарар ба донор» мебошад. Ҳоло норасоии хуни донорӣ дар мо вуҷуд надорад. Захираи та¬моми гурӯҳҳои хунӣ мавҷуд аст. Мо плаз¬маи барзиёдро ба Тошканд мефиристонем ва аз он препаратҳои гуногун, аз қабили албумин, иммуноглобулин ва ғайра тайёр мекунанд. Вале ин маънои онро надорад, ки хун лозим нест. Хуни бисёриро якбора тайёр карда намешавад. Он ҳамеша барои наҷотёбии ҳаёти касе лозим аст. Боз хун ба компонентҳои гуногун ҷудо ва коркард мегардад. Мӯҳлати тайёршавии онҳо ҳар хел аст ва «вақти ҳаёт»-ашон меъёри му¬айяне дорад. Бинобар ин, даъвати «Хун супурда ҳаёти одамонро наҷот диҳем», ҳеҷ гоҳ кӯҳна намешавад.
Дар муддати чор моҳи гузаштаи соли равон қариб 1000 нафар шахсон хун до¬данд. Моҳи апрел ва май бо сарварии ректори ДДС якбора 210 нафар устодону донишҷӯён низ ба ин кори хайр даст за¬данд. Дар вилоятамон ин гуна одамони хайрхоҳу башардӯст бисёранд. Мо ҳамаи онҳоро бо фарорасии Рӯзи умумиҷаҳонии донорҳо муборакбод гуфта, барояшон умри дароз ва тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно дорем.

Гулсара АБДУЛЛОЕВА, духтури тоифаи олии стансияи вилоятии хунгузаронии рақами якум

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: