Касофати ғайбат

Касофати ғайбат

Ду ҳамсоязан буданд, ки яке Муқаддас дигаре Насиба ном дошт. Онҳо доим ғайбати одамонро мекарданд. Рӯзе пирамарде аз кӯча мегузашт ва сӯҳбати онҳоро шуниду гуфт:
– Ин чӣ номаъқулист? Ғайбат кардан гу¬ноҳ аст. Ин рафтори шумо ба саратон ноху¬шиҳоро меорад.
Занҳо ба суханони пирамард парво на¬карда, сӯҳбаташонро давом доданд. Аз байн рӯзҳо гузашт. Фарзанди Муқаддас бемор шуд. Чандин шифокорону табибон писара¬кро табобат карда натавонистанд.
Муқаддас дар кӯча мерафт, ки пагоҳ ҳа¬мон пирамарди насиҳаткардаро дид. Ӯ бо мӯйсафед сӯҳбат карда, ҳамаи нохушиҳо рӯзгорашро нақл кард.
– Гуноҳи ман чист, ки Худованд ба ман ин қадар ғам медиҳад? – гуфт гиря карда.
– Хатои хешро аз ман мапурс. Аз рафтору кирдори худ биҷӯй! – ҷавоб дод пирамард.
Муқаддас ба хонааш баргашту корҳои кардаашро як-як ба ёд овард. Аз ғайбатгарии худ пушаймон шуд ва тавба кард, ки дигар аз қафои ҳеҷ кас бадгӯӣ намекунад. Нолаву зориҳои Муқаддас ба даргоҳи ҳақ қабул гар¬дида, фарзандаш шифо ёфт.

Нодираи ТОҲИРИЁН, хонандаи мактаб

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: