Дарси кушод — сарчашмаи беҳсозии дониш, зеҳн ва маҳорату қобилият

Дарси кушод — сарчашмаи беҳсозии дониш, зеҳн ва маҳорату қобилият

Дарси кушод яке аз намудҳои асо¬сии омӯзиш мебошад. Он имкон ме¬диҳад, ки кори омӯзгорони беҳтарин ва мураббияҳо бевосита мушоҳида ва таҷрибаи онҳо такмил дода шавад.
Дарси кушод бояд аз ҷониби омӯзгорони таҷрибадор, роҳбари таълимгоҳ, ҷонишини декан, со¬биқадорон таҳлил гардад. Дарси кушодро танҳо бо мақсади санҷиши фаъолияти омӯзгорон гузаронидан мувофиқи мақсад нест. Гузаронида¬ни он аз тарафи ҷонишини декан бо иштироки роҳбари кабинети методӣ ба нақша гирифта мешавад. Барои гузаронидани дарси кушод нақша тартиб дода шуда, он аз тарафи роҳ¬бари иттиҳодияи методӣ баррасӣ мегардад ва нусхабардорӣ шуда, ба ҳамаи иштирокчиён тақсим карда мешавад. Даъватшудагон то сарша¬вии дарс ба синфхона даромада, дар ҷойҳои барои онҳо ҷудогардида ҷо ба ҷо мешаванд. Онҳо бояд ба рафти дарс халал нарасонанд. То саршавии дарс муаллими дарсдиҳанда ба ҷо¬нишини декан ё намояндаи роҳбари иттиҳодияи методӣ ва дигар ишти¬рокчиён оид ба мақсади гузаронида¬ни дарс ва хусусияти асосии сохти он маълумот медиҳад. Аз тарафи ишти¬рокчиён дахолат намудан ба ҷараёни дарс, гирифтани эродҳо, расонидани ягон намуд ёрӣ ба омӯзгор ё донишҷӯ қатъиян манъ аст ва инчунин, қафо мондан ба дарс ва пеш аз анҷоми он баромада рафтан низ мумкин нест. Набояд фаромӯш кард, ки муаллим ҳокими дарси худ дар синф ба шу¬мор меравад. Новобаста аз риояи қисматҳои дарс, ӯ дарсро аз кадом қисмате мехоҳад, метавонад оғозу анҷом бахшад. Муҳим он ки дарс шавқовар бошад, таҳсилгиранда¬гонро хаставу дилтанг нагардонад.
Пас аз анҷоми дарс он баррасӣ мегардад. Роҳбари иттиҳодия таҳли¬ли дарсро дар худи ҳамон рӯз бояд анҷом диҳад. Маҷлиси муҳокимаи дарсро ҷонишини декан ё раиси ко¬миссияи методӣ роҳбарӣ мекунад. Вай оиди он, ки омӯзгор ба мақсади гузошташудааш дар дарс расид ё не, оё муаллим аз дарси худ қаноатманд гардид ё не ҳарф зада, суханро ба му-аллими дарсдиҳанда медиҳад. Ӯ му¬лоҳизаҳои худро оид ба дарсаш баён менамояд.
Пас аз он иштирокдорони дарс хулосаҳои худро мегӯянд. Таҳлили дарси омӯзгор бояд чунин баррасӣ шавад: муваффақият ва камбудӣ.
Ҳангоми таҳлили дарс омӯзгор¬ро рӯҳафтода накарда, дар баробари камбудиҳои ҷойдошта муваффақи¬ятҳои кори педагогии ӯро ёдрас бояд кард. Ба омӯзгоре, ки дарсро гузаро¬нидааст, бояд имконияти изҳори на¬зар намудан ва рад намудани эродҳои овардашуда дода шавад. Дар анҷом натиҷаҳо ҷамъбаст гардида, хулосаҳо бароварда мешавад. Баррасии дарси кушод бо тартиб додани протокол ба расмият дароварда мешавад: тав¬сияҳоро қатъӣ ва мушаххас бояд ба назар гирифт.
Ҳоло дар факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо мақсади ба донишҷӯён омӯхтани тарзи дарсгузаронӣ, усулҳои анъа¬навӣ ва ноанъанавӣ, истифодаи тех¬нологияҳои коммуникатсионӣ дар ҷараёни таълим, дарси кушод ва моҳияти он, тарзи гузаштани дарси кушод фанни «Методикаи таълими математика» омӯзонида мешавад.
Дар ҷараёни омӯзиши фан бево¬сита маҳорати омӯзгории донишҷӯён такмил меёбад.
Инчунин, иштироки омӯзгорони ҷавон дар дарсҳои кушоди профес¬сор-устодон таъмин карда мешавад, ки ин ба манфиати кор аст. Чораби¬нии мазкур барои афзунсозии таҷри¬баи омӯзгорони навқадам мусоидат мекунад.
Хулоса, дарси кушод аз як тараф, сарчашмаи асосии беҳтар намудани дониш бошад, аз тарафи дигар, до¬ираи фаҳмиш, шавқ, зеҳн, хоҳишу маҳорат ва қобилияти дарккунии донишҷӯён инкишоф медиҳад.

Зебуннисо АШӮРОВА, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: