Корҳои соҳаи ҳифзи тандурустӣ ба зинаи нав мебарояд

Корҳои соҳаи ҳифзи тандурустӣ ба зинаи нав мебарояд

Имрӯз дар мамлакатамон ба масъа¬лаи ҳифзи тандурустӣ ва мустаҳкамсо¬зии саломатии аҳолӣ бештар аҳамият дода мешавад. Аз ин боис, Палатаи мил¬лии ҳифзи тандурустии инноватсионии Ӯзбекистон доир ба афзудани сифат ва самарадории корҳои соҳа чорабиниҳои васеъмиқёсро ба амал мебарорад.
Аз ҷумла, Палатаи миллии инноват¬сионии ҳифзи тандурустӣ ва Палатаи Қонунгузории Маҷлиси Олии Ҷумҳу¬рияти Ӯзбекистон бо мақсади ба вуҷуд овардани инфрасохтори ҳифзи тандуру¬стии ба стандарти байналхалқӣ ҷавобгӯ, ҳамкории фаъолро ба роҳ мондааст.
Спикери Палатаи Қонунгузории Маҷлиси Олӣ Н. Исмоилов ва раиси Палатаи миллии ҳифзи тандурустии инноватсионӣ Р. Изамов баъд аз имзои меморандум дар мавзӯи «Бо мақсади рағбатмандсозии ҷараёнҳои ташаккул ва рушди сохтори ҳифзи тандурустии инноватсионӣ такмилдиҳии қонун¬мандӣ» сӯҳбати гирди мизи мудаввар оростанд.
Дар сӯҳбат депутатҳои Палатаи по¬ёнии парламент, роҳбарони вазорату идораҳо, мутахассисон ва экспертҳои соҳаи технологияи инноватсионӣ, ваки¬лони институтҳои ҷамъияти шаҳрван¬дӣ ва ВАО иштирок доштанд. Таъкид гардид, ки ҳамкории байниҳамдигарӣ ба рушди сохтори ҳифзи тандурустӣ, таъмини истифодаи пурсамари техно¬логияҳои инноватсионӣ ва усулҳои за¬монавии муолиҷаи шаҳрвандон хизмат мекунад.
Дар доираи ҳамкорӣ байни ишти¬рокдорони меморандум, дар ҷараёни рағбатмандсозии рушди сохтори ҳифзи тандурустии мамлакат асосҳои ташки¬ливу ҳуқуқии ҳамкории байниҳамди¬гарӣ тавассути ҷорӣ намудани услубҳо ва технологияҳои инноватсионӣ муайян карда шуд.
Инчунин, тарафҳо иштироки фаъ¬олро дар таҳияи ҳуҷҷатҳое, ки страте¬гияи ташаккул ва рушди сохтори ҳифзи тандурустиро нишон медиҳад, ба нақша гирифтаанд. Он дар ҳоли ҷорӣ наму¬дани модели инноватсионии идораи ҳифзи тандурустӣ, ба ҳисоб гирифтани стандартҳои пешқадами байналхалқӣ ва амалиёти беҳтарини ҷаҳон амалӣ мегардад.
Мақсади ниҳоии ҳамкорӣ бошад, ро¬бита байни Палатаи миллӣ ва парламент буда, ноил гардидан ба баландбардории маданияти тиббӣ ва ҳуқуқии шаҳрван¬дон, афзудани дониши онҳо дар тибби инноватсионӣ ба ҳисоб меравад

Нигора ЭРГАШЕВА, ҷонишини директори филиали шӯъбаи вилоятии Институти илмӣ-тадқиқотии беҳсозии саломатии ҷомеа ва ҳифзи тандурустӣ

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: