Қабули сайёр дар Оқдарё

Қабули сайёр дар Оқдарё

Дар бинои коллеҷи педагогии ноҳияи Оқдарё қабули навбатии сайёри ҳокими вилоят Э. Турдимов баргузор гардид, ки дар он қариб 250 муроҷиати шаҳрвандон шунида шуданд.
Бисёр муаммову камбудиҳо, ки шаҳрвандонро азият медиҳанд, дар ҷояш боадолатона ҳал гардид. Ба масъулон вазифаи дар муддати нишондодашуда ҳал кардани муаммоҳое, ки муддати муайян ва омӯзиши мутасаддиёнро талаб мекунад, инчунин оид ба натиҷаи онҳо шахсан ба ҳокими вилоят ба таври хаттӣ ҳисобот додан супурда шуд.
Отақул Нурматов дар ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаи «Примкент»-и ноҳия истиқомат мекунад. Имрӯз аъзои оилаашон 16 нафарро ташкил медиҳад ва ҳавлиашон ба онҳо тангӣ мекунад. Фарзандон ба камол расидаанд. Аз ин боис, ӯ доир ба масъалаи хонаву ҷой аз ҳокими вилоят ёрӣ пурсид.
Масъулон ба қароре омаданд, ки муроҷиат қонеъ кунонида шуда, ба О. Нурматов дуто хона дода шавад. Пардохти пешакии хонаи якум ба зиммаи ҳокими ноҳия ва пардохти хонаи дуюм ба зиммаи худи ӯ вогузор гардид. Отақул Нурматов барои чунин фазилатҳои инсонпарварона ба роҳбари давлат ва масъулон изҳори сипос намуд.

Б.РАҲМОНОВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: