«Некӯӣ албатта бозмегардад»

«Некӯӣ албатта бозмегардад»

Зери ҳамин шиор дар Маркази хунгузаронии вилоят ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии донорҳо аксияи оммавӣ гузаронида шуд.
Дар аксия, ки бо мақсади дастгирии шаҳрвандони ба кӯмаки тиббиву иҷтимоӣ ниёзманд, ҳифзи ҳаёт ва саломатии беморон бо роҳи даъвати хоҳишмандон ба хунсупорӣ, тарғиби васеи ғояҳои инсонпарварӣ ва меҳру оқибат ташкил гардид, намояндагони ҳокимияти вилоят, кормандони Садорати корҳои дохилӣ, Садорати ҳифзи тандурустӣ, вакилони ташкилотҳои давлативу ҷамоатӣ ва шаҳрвандон фаъол ширкат намуданд.
Дар доираи аксия бозиҳои гуногуни варзишӣ низ ташкил карда шуданд, ки дар он ҷавонон фаъол иштирок карданд..
Дар анҷом ба се нафар донорони самарқандӣ, ки аз ҳама бештар хун супоридаанд, унвони «Донори ифтихорӣ» дода шуд.
– Дар муддати сипаришудаи соли ҷорӣ 42 маротиба хун супоридам, – гуфт «Донори ифтихорӣ» Наталия Ғафурова. – Хурсандам, ки бо ин амал ба одамони аз бемориҳои гематологӣ азияткашанда ёриям мерасад. Мехоҳам, дар кишварамон ҳеқ кас бемор нашавад диёрамон ҳамеша тинҷу осуда бошад.
Назар ба маълумотҳо дар саросари ҷумҳурӣ ҳамагӣ ба 15 нафар унвони «Донори ифтихорӣ» дода шудааст.


Чунин чорабинӣ дар Маркази ҷавонони Самарқанд низ гузаронида шуд. Дар он беш аз 100 нафар ҷавонони хоҳишманд ба сифати донор ихтиёран хун супориданд.
Хотирнишон мекунем, ки чунин аксияро дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоятамон низ гузарониданд.

Фарҳод НОРБӮТАЕВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: