Корҳои ободонӣ дар хиёбони Донишгоҳ

Корҳои ободонӣ дар хиёбони Донишгоҳ

Ба мақсади пурмазмун ташкил намудани истироҳати мадании аҳолӣ дар Хиёбони Донишгоҳ корҳои ободонӣ амалӣ мегарданд.
Мувофиқи лоиҳа барои бегоҳирӯз дар хиёбон саёҳат намудани аҳолӣ велороҳи дутарафа ва фаввораҳои замонавӣ сохта мешаванд. Чароғҳои канори пайроҳаҳо низ мувофиқи намуди мавзеъ тағйир ва маркази хиёбонро бо шаклҳои манзаравии гуногуни геометрӣ ороиш медиҳанд.

Дар ҳудуд ҳангоми корҳои бунёдкорӣ ба ягон дарахт зарар нарасонида, ниҳолҳои манзаравӣ шинонида мешаванд.
Ҳоло амалӣ намудани корҳои лоиҳа оғоз гардида аз ҳайкали Амир Темур то факултети биология корҳо дар авҷ аст.
Ба нақша гирифта шудааст, ки корҳо аз рӯи лоиҳаи мазкур моҳи августи соли ҷорӣ ба охир расонида мешаванд.

Н.ҶОНТӮРАЕВА.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: