Барои 170 нафар бачагони Ғаллакор кӯдакистони нав сохтанд

Барои 170 нафар бачагони Ғаллакор кӯдакистони нав сохтанд

Аз ҳар ҷиҳат солим ва соҳибхирад тарбия кардани насли наврас аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Бо ҳамин мақсад дар вилоятамон баробари сохтмону таъмири мактабҳо, ба бунёди муассисаҳои таълими томактабӣ низ диққати зарурӣ дода мешавад.
Дар ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаи Ғаллакор, ки аз гӯшаҳои дурдасти ноҳияи Пайариқ ба шумор меравад, то ҳол кӯдакистоне набуд. Дар маҳалла беш аз шаш ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ карда, 24 фоизи онҳоро бачагони синни боғча ташкил мекунад.
Аз тарафи ҳукумат барои дар деҳа бунёд кардани кӯдакистон 2 миллиарду 300 миллион сӯм маблағ ҷудо гардида, дар муддати кӯтоҳ боғчаи барои 170 нафар кӯдак пешбинишуда қад рост кард.
Дар тадбире, ки ба муносибати кушодашавии муассисаи таълими томактабии рақами 36 барпо гардид, ҳокими вилоят Э. Турдимов, вакилони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, фаъолони маҳалла ва падару модарон иштирок карданд.
Ҳозирон бо шароитҳое, ки дар маскан барои бачагон муҳайё карда шудааст, тарҳи пешайвони тобистона, амфитеатр ва китобхонаи хурдакак, ки барои пурмазмун гузаронидани вақти холии кӯдакон пешбинӣ шудааст, шинос шуданд.


Дар ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаҳои Халқобод ва Дамариқи ноҳияи Иштихон низ муассисаҳои таълими томактабии нодавлатии «Кӯдакони оянда» ва «Зиёи ҳидоят» ба истифода супурда шуданд.
Дар кӯдакистонҳои нодавлатӣ барои таълиму тарбияи бачагон шароитҳои зарурӣ муҳайё буда, фаъолияти маҳфилҳои забони англисӣ ва русӣ, мусиқа ва варзиш ба роҳ монда шудааст.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: