СӮҲБАТИ МИЗИ МУДАВВАР                      Ҳамкорӣ дар пешгирии бемориҳо

СӮҲБАТИ МИЗИ МУДАВВАР Ҳамкорӣ дар пешгирии бемориҳо

Дирӯз дар шаҳри Самарқанд дар мавзӯи «Инкишофи ҳамкорӣ дар амалинамоии чораҳо доир ба пешгирии паҳншавии сирояти вируси норасоии масъунияти одам (ВИЧ инфексия), сил ва вараҷа (безгак) дар минтақаҳои Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» сӯҳбати мизи мудаввар барпо гашт.
Он бо мақсади пешниҳоди ахбо¬ри пурра ва саривақтӣ оиди меха¬низми пешгирии паҳншавии сиро¬яти вируси норасоии масъунияти одам дар сатҳи минтақавӣ ва баланд бардоштани самаранокии онҳо ба воситаи ҳамкории иҷтимоӣ ташкил гардид.
Тадбирро ҷонишини ҳокими ви¬лоят Р. Қобилов бо сухани муқадди¬мавӣ кушода, оиди аҳамияти ҳам¬корӣ дар ин самт ҳарф зад.
Сипас, тақдимоти «Механизми мутобиқсозии барномаи байниидо¬равӣ доир ба пешгирии паҳншавии вируси норасоии масъунияти одам ва бемории сил»-и Шӯрои мумай¬изӣ (экспертӣ)-и байниидоравӣ, «Таҳлили вазъияти эпидемиологӣ доир ба сирояти вируси норасоии масъунияти одам дар минтақа. Аҳа¬мияти лойиҳаҳои Хазинаи глобалӣ ва дигар донорҳои байналхалқӣ дар пешгирии паҳншавии вируси норасоии масъунияти одам дар минтақа»-и Маркази минтақавии мубориза бар зидди бемории но¬расоии масъунияти бадан (СПИД), «Таҳлили вазъияти эпидемиоло¬гӣ доир ба бемории сил дар мин¬тақа. Аҳамияти лоиҳаҳои Хазинаи глобалӣ ва донорҳои дигари бай¬налхалқӣ дар мубориза бар зидди паҳншавии сил дар минтақа»-и дис¬пансери бемориҳои сил, инчунин ахбори намояндагони ташкилотҳои нодавлативу нотиҷоратӣ, ки бар-номаҳои профилактикиро дар ин самтҳо амалӣ менамоянд, шунида шуданд.
Маълумоти шӯъбаҳои минтақа¬вии Идораи мусулмонон, Кумитаи зан ва духтарон, Иттифоқи ҷавонон ва хазинаи «Маҳалла»-и Ҷумҳури¬яти Ӯзбекистон дар ин самтҳо низ ба диққати ҳозирон расонида шуд.
Қайд гардид, ки ҳамкорӣ дар пешгирии паҳншавии сирояти ви¬руси норасоии масъунияти одам ва сил дар минтақа самаранокии мубориза бар зидди ин бемориҳоро зиёд мекунад.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: