Бо қалби пурҷӯше дар роҳи эҷод

Бо қалби пурҷӯше дар роҳи эҷод

Рӯзноманигорӣ касбест, ки фидоигӣ ва масъулиятшиносии баландро дар назди халқу диёри худ талаб мекунад ва касе бо ин мақсад қалам ба даст мегирад, ки камбудиву нуқсонҳои атроф ӯро бепарво гузошта наметавонанд. Ин хислатҳо аз хурдӣ дар симои ҷавонмарди фарҳангдӯст, узви Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон Беҳрӯз Маъруфӣ ҳувайдо буд. Ҳамин ҷӯшу хурӯшу ҳисси ватанпарварӣ ӯро ба кор дар идораи рӯзномаи «Самарқанд» овард. Дар ин ҷо баробари рӯзномаи шаҳрӣ, ба рӯзномаҳои дигари вилоятиву ҷумҳурӣ низ дар мавзӯъҳои доғу ҳалталаби шаҳру гузардорӣ, анъанаҳои миллӣ, пойдории ахлоқи ҷомеа ва амсоли онҳо мақолаҳои зиёди пурмӯҳтаворо ба хонандагон пешкаш намуд.
Баъдтар Беҳрӯз Маъруфӣ дар вазифаҳои дигари пурмасъули¬ят, аз ҷумла кори осорхона ва маҷмӯаи Регистон фаъолият намуда, имрӯз директории ди¬рексияи истифодабарӣ ва таъ¬мири маҷмӯаи мустақили Регистонро ба ӯҳда дорад. Аммо дар ҳама кору вазифае, ки бошад, ӯ қаламкаширо тарк накард. Зеро дар қалби ӯ шавқу ҳаваси эҷод ва воқеънигорӣ маҳкам ҷой гирифтааст ва ҳаргиз ба нуқсонҳои ҷойдоштаи ҷамъиятамон чашм пӯшида гузашта наметавонад.
Натиҷаи ҳамин саъю талошҳо буд, ки имрӯз чакидаҳои қала¬ми ӯ дар шакли китоби хондан¬боб таҳти унвони «Дилу ҷонам, Самарқанд» ба дасти мухлисон расид. Дар он мақолаҳои солҳои гуногун навиштаи муаллиф ҷой дода шудаанд, ки аҳамия¬ти калони ватанпарварӣ, ҳиф¬зи ёдгориҳои таърихӣ, илмиву тадқиқотӣ ва таълимиву тарби¬явиро молик мебошанд. Китоб тавассути нашриёти «Noshirlik yog’dusi»-и шаҳри Тошканд ба чоп расидааст.
Дар китоб маҷмӯи хабару мақолаҳое ҷой гирифтаанд, ки тайи солҳои гуногун дар рӯз¬номаҳои «Самарқанд», «Овози Самарқанд» ва «Самаркандский вестник» интишор ёфтаанд. Вақте ки саҳифаҳои онро варақ мезанем, беихтиёр пеши чашм як пораи таърихи зиндаи Са¬марқанди бостонӣ, кору бори мардуми зиндадилу меҳнатдӯ¬сти он, ҳунармандони асилу кор¬мандони соҳаҳои гуногун пеши назар меоянд, ки барои ободиву пешрафти кишвари азизамон ҷидду ҷаҳд намудаанд. Аз ҷумла, мақолаҳои «Хуршед хиромиду…», «Кӯча ба номи Қурбӣ», «Мардум, мурувват кунед», «Ҳаммом лозим аст?», «Чармгарӣ таърихи тӯлонӣ дорад», «Ба марги модар кӣ айб¬дор?», «Маънавиётро эҳё кунем» ва ғайраро сарсарӣ аз назар гуза¬ронидан номумкин аст, зеро ҳар кадоми он масъалаву муаммоҳои муҳимеро ба миён гузошта, ба¬рои ҳалли он хонандаи бедор¬дилро низ саҳмгузор менамояд. Бояд гуфт ки Беҳрӯз Маъруфӣ ба забонҳои ӯзбекиву русӣ ҳам озо¬дона гуфтаву навишта метавонад ва дар китоб низ дар мақолаҳои гуногунмавзӯъ ин чиз инъикоси худро ёфтааст.
Ба чоп расидани китоби маз¬кур дар бобати эътибор ба гуза¬штаи наздики Самарқанд ва мат¬буоти он иқдоми нек ба шумор меравад ва умед аст, ки писанди ҳаводорон хоҳад гардид.

Ф.ШУКУРЗОДА

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: