7 хусусияти фоидаовари йод

7 хусусияти фоидаовари йод

1. Йод барои инкишофи мӯъ¬тадили майнаи бачаҳо хеле муҳим аст. Норасоии йод дар организм ба як ҷой ҷамъ кардани диққат ва хотираро паст мекунад. Сабаби то ба 20 фоиз паст шудани инкишофи ақлӣ мегардад. Ҳамаи ин ба таъли¬ми онҳо дар мактаб таъсири манфӣ мерасонанд.
2. Усули аз ҳама самараноки ба организм расонида додани йод – ба хӯрок андохтани намаки йоддор аст. Вале дар айни ҳол намакро аз меъёр зиёд истифода бурдан мум¬кин нест.
3. Истеъмоли хурмо, чормағз, моҳӣ ва дигар маҳсулот эҳтиёҷоти организмро ба йод пурра қонеъ на¬мекунад. Чунки дар таркиби хоку оби минтақаи мо йод ба миқдори кофӣ мавҷуд нест. Айнан барои ҳамин танҳо намаки йоддорро ис¬теъмол кунед. Инчунин, ба озуқаи чорвоятон низ то ҳадди имкон на¬маки йоддор андохта диҳед.
4. Йод – элементи паррончак. Намаки йоддорро дар зарфҳои шаффоф набудаву сарпӯшаш зич пӯшидашаванда ва аз манбаи гармӣ дуртар нигоҳ доред. Муддати исти-фодаи намаки йодиди калийдор се моҳ, йодиди калий бошад – 1 сол аст. Ҳангоми харид ва нигоҳ доштани намак ба ин ҷиҳатҳо эътибор диҳед:
5. Дар шароити хона ба намак маҳлули йод наандозед ё ки онро истеъмол накунед. Ин барои са¬ломатиатон хавфнок аст. Намаки йоддорро аз дӯконҳо харидан мум-кин. Аз фурӯшандаҳо сертификати сифатро талаб кунед!
6. Дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон доир ба пешгирии бемории нора¬соии йод қонун қабул шудааст. Агар фаҳмед, ки намаки шумо харида бе йод аст, ба шӯъбаҳои маҳаллии ҷамъияти ҳифзи ҳуқуқи истеъмол¬чиён ё ки идораи назорати сани¬тарӣ-эпидемиологӣ муроҷиат ку¬нед. Барои тансиҳатӣ ҳуқуқи худро талаб кардан айб нест.
7. Ҳангоми аз тадбиркорони литсензия надошта бо нархи ар¬зон харидани намаки бейод фикр кунед, ки оё 100-200 сӯми аз хариди намак сарфакардаи шумо аз сало-матии бачаҳоятон азиз аст?!

Таҳияи Тошқул АЗИМОВ

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: