Ҷомбой: салоҳияти иқтисодӣ хуб, аҳволи иҷтимоӣ чӣ хел?

Ҷомбой: салоҳияти иқтисодӣ хуб, аҳволи иҷтимоӣ чӣ хел?

Рӯзи 15-уми июн бо ташаббуси шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, Садорати матбуот ва ахбори вилоят ва ҳокимияти ноҳияи Ҷомбой барои хабарнигорони воситаҳои ахбори оммавӣ, мухбирони нашрҳои интернетӣ дар ноҳия пресс-­тур ташкил карда шуд.
Дар доираи тадбир, ки бо мақсади саривақт хабардор кардани рӯзноманигорон аз ислоҳоту навгониҳои ҳудудҳо ташкил шуд, иштирокдорон бо нишондодҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия, фаъолияти корхонаҳои навташкили истеҳсолӣ аз наздик ошно гардиданд.

Истифодаи босамар аз имконият

Иштирокчиёни пресс-­тур нахуст ба корхонаи муштараки «Керамик брикс»-и Ӯзбекистону Испания, ки ғишти керамикӣ истеҳсол мекунад, рафтанд. Назар ба маълумотҳо, пештар дар ин ҳудуд коргоҳи истеҳсоли ғишт фаъолият намуда, аз сабаби бӯҳрони иқтисодӣ фаъолияти худро боздоштааст. Баъд аз пурзӯр гаридани эътибор ба соҳаи тадбиркорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон корхона аз нав ба фаъолият сар мекунад. Ҳоло дар ин ҷо 96 нафар корманд бо кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки қисми асосии онҳо ҷавонони деҳа мебошанд. Дар корхона лабораторияҳо фаъолият доранд, ки сифати маҳсулотро аз санҷиш мегузаронанд.
Маҷмӯаи боғдорӣ дар 2219 гектар майдон
Рӯзноманигорон дар доираи ташриф ба Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Мароқанд мева-сабзавот», ки дар ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаи Қӯнғироти ноҳия ҷойгир аст, рафтанд.
Ҷамъият соли 2013 ташкил гардида, ҳоло дар ин ҷо 580 нафар корманд фаъолият доранд, ки қисми асосии онҳо намояндагони маҳаллӣ ҳастанд. Коргарони мавсимӣ низ ба кор ҷалб карда мешаванд.
– Ҷамъият соле беш аз 500 ҳазор тонна меваю сабзавот экспорт мекунад, – гуфт директори ҷамъият Меҳроҷ Фозилов. – Дар ихтиёри ҷамъият 2219 гектар майдон буда, дар 1000 гектар боғҳои интенсивӣ ташкил карда шудааст. Инчунин, дар 200 гектар майдон парвариши ниҳолҳоро низ ба роҳ мондем. Ниҳоли дарахтони мевадор ва манзаравиро аз Гретсия, Франсия, Италия ва Қазоқистон оварда, дар ин ҷо бо роҳи тагпайвандкунӣ зиёд мекунем. Ҳоло дар ноҳияҳои Яккабоғ ва Китоби вилояти Қашқадарё, ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах низ боғҳои худро ташкил кардем. Тамоми боғ бо усули чакрагӣ обёрӣ карда мешавад.
Дар боғ намудҳои гуногуни гелос, себ, шафтолу, чормағз корида шудааст. Инчунин, хелҳои гуногуни сабзавотро, чун помидор, бодиринг, пиёз, картошка кишт кардаанд. Дар қисми зиёди майдони замин намудҳои гуногуни помидорро, ки тухмии онҳо аз хориҷа оварда шудааст, кишт карда, ҳангоми ҷамъоварии ҳосил аз комбайн истифода мебаранд. 65 адад техникаҳои зарурӣ дар ихтиёри ҷамъият буда, маҳсулот асосан ба кишварҳои Россия ва Қазоқистон экспорт карда мешавад.
Ҳоло аз тарафи ҷамъият яхдони замонавӣ бо технологияи итолиёӣ сохта мешавад, ки барои 20 ҳазор тонна маҳсулот пешбинӣ шудааст.

Имкони парвариши 15 миллион дона ниҳол дар як сол

Гурӯҳи журналистон аз фаъолияти Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «САГ агро» низ боздид намуданд. Корхона дар ҳудуди ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаи Каттақишлоқи ноҳия ҷойгир буда, дар асоси қарори ҳукумат аз 1-уми июни соли 2017 «Дар бораи созмон ва ташкили фаъолияти Иттиҳодияи истеҳсолкунандагон ва экспорткунандагони чормағз» ташкил карда шудааст. Корхона бо ниҳолпарварӣ машғул гардида, ниҳолҳои аз хориҷа овардашударо бо роҳи пайвандкунӣ зиёд мекунад ва пешкаши мардуми маҳаллӣ менамояд.
– Ҳоло дар лаборатория корҳои охирини таъмирӣ амалӣ мегарданд, – гуфт директори ҷамъият Илёс Ҳайдаров. – Пас аз пурра ба кор даромадани лаборатория аз тарафи корхона соле то 15 миллион дона ниҳол парвариш карда шуда, пешкаши мардум мегардад. Аллакай мо корҳои парвариши ниҳолҳоро оғоз намудем. Ҳоло чанд нафар донишҷӯёни Донишкадаи медитсинаи ветеринарияи Самарқанд дар мо таҷрибаомӯзӣ мекунанд.

Саёҳати эко-­туристӣ

Инчунин, рӯзноманигорон ба «Боғи табиии миллии Зарафшон» рафтанд. Корманди боғ Ф. Ҷабборова ба ҳозирон оиди таърихи боғ, намудҳои ҳайвонот ва растаниҳое, ки дар боғи миллӣ ҳастанд, маълумот дод. Таъкид гардид, ки дар боғ қариб 300 намуди растаниҳои доруворӣ, беш аз 200 намуди парранда ва хазандагон, 24 намуди ширхораҳо мавҷуданд. Аксари растанӣ ва ҳайвоноте, ки дар боғ ҳифз карда мешаванд, ба «Китоби сурх»-и Ӯзбекистон дароварда шудаанд.
Дар боғ намоишгоҳи асарҳои мусаввир-­карикатурачӣ, дорандаи Ҷоизаи байналхалқии «Олтин қалам» Ҳасан Султонов ва фотомухбири рӯзнома Соҳиб Сайфуллоев гузаронида шуд.
Инчунин, бо иштироки ҳокими ноҳияи Ҷомбой У. Назаров анҷумани матбуотӣ барпо гардид. Ҳокими ноҳия баробари дастовардҳои ноҳия оиди камбудӣ ва муаммоҳо низ сухан ронда, таъкид намуд, ки барои бартараф кардани онҳо чорабиниҳои зарурӣ андешида мешавад.
– Ноҳияи Ҷомбой аз ҷиҳати иқтисодӣ аз ноҳияҳои пешқадамтарини вилоят ба шумор меравад, – гуфт ҳокими ноҳия У. Назаров. – Дар ҳудуди ноҳия корхонаҳои зиёди саноатӣ, истеҳсолӣ кор мебаранд. Аммо дар соҳаи иҷтимоӣ муаммоҳо бисёранд. Бахусус, дар сохтори таълими томактабӣ ва таълими умумӣ. Бо мақсади барҳам додани чунин муаммоҳо чорабиниҳо андешида мешавад. Муаммои асосӣ дар сохтори таълими томактабӣ фарогирии бачагон дар кӯдакистонҳо мебошад, ки тӯли ду соли охир дар ин самт корҳои зиёд иҷро шуд ва иҷро мешавад. Мо дар муассисаҳои таълимӣ мебояд пеш аз ҳама ба сифати таълим эътибор диҳем. Агар биноҳои боргоҳҳои таълимиро обод кунему таълим дар сатҳи паст бошад, ҷавонони бохирад ба камол намерасанд. Насли наврас таъмингари ояндаи кишвар мебошанд. Аз ин рӯ, мо ба таълиму тарбияи онҳо эътибор доданамон ва барои таҳсилашон шароитҳои заруриро муҳайё ва омӯзгорони ботаҷрибаро ба кор ҷалб карданамон лозим. То ки дар оянда аз байни онҳо ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ ба камол расанд.

Фаридуни ФАРҲОДЗОД.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: