Панҷ паҳлавони самарқандӣ дар чемпионати Осиё иштирок мекунанд

Панҷ паҳлавони самарқандӣ дар чемпионати Осиё иштирок мекунанд

Рӯзҳои 19-20-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Паттайяи Таиланд байни ҷавонон доир ба гӯштии ӯзбек чемпионати Осиё гузаронида мешавад.
Дар ин мусобиқаи бонуфуз аз 20 мамлакат иштироки беш аз 200 нафар гӯштигирон дар назар аст.
Дар таркиби ҷамоаи умумии Ӯзбекистон панҷ нафар паҳлавонони самарқандӣ – Илҳом Пармонов (аз рӯйи тоифаи вазни 55 кг.), Ҳумоюн Замонов (аз рӯйи тоифаи вазни 60 кг.), Эркин Қозоқов (аз рӯйи тоифаи вазни 81 кг.), Рўзибой Нарзиқулов (аз рӯйи тоифаи вазни 90 кг.) ва Эъзоз Равшанов (аз рӯйи тоифаи вазни 100 кг.) шарафи ватанамонро ҳимоя мекунанд.
Инчунин, дар доираи чемпионат ҷамъомади конгресси навбатии Конфедератсияи гӯштии Осиё-Океания гузаронида мешавад. Дар он ба узвияти конфедератсия қабул кардани Федератсияҳои нави Лаос, Бангладеш ва Қирғизистон дар назар аст.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: