141 нафар хонанда

141 нафар хонанда

соҳиби медалҳои тиллову нуқра гардиданд

Дар Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд маросими ботантанаи ба хатмкардагони мактабҳои таълими умумии вилоят супурдани медалҳои тилло, нуқра ва дипломҳои такмили ихтисоси имтиёзнок баргузор гардид.
Бино ба банди 13 – и қарори Президентамон аз 14 — уми августи соли 2018 «Дар бораи чораву тадбирҳои аз ҷиҳати маънавиву ахлоқӣ ва ҷисмонӣ баркамол тарбия намудани ҷавонон, аз ҷиҳати сифат ба зинаи нав баровардани сохтори тарбиядиҳӣ» ба хатмкардагони синфи 11 барои дониши аъло, хулқи намунавӣ ва нишон додани фаъолӣ дар корҳои ҷамоатӣ медалҳои тилло ва нуқра таъсис гардида шуд.
Дар тадбир, ки бо ташаббуси ҳокимияти вилоят ва Садорати таълими халқи вилоят ташкил гардид, мудирони шӯъбаҳои таълими халқи шаҳру ноҳияҳо, омӯзгорони пуртаҷриба, 141 нафар хонандаҳои синф­ҳои 11-и мактаби таълими умумии вилоят, вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Тадбирро ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов ифтитоҳ бахшида, ҷавононро бо гирифтани медалҳои тилло ва нуқра табрик намуд. Сипас, ҳокими шаҳри Самарқанд Бобурмирзо Облоқулов ва сардори Садорати таълими халқи вилоят Зафар Каримов дар бораи ҳиссаи ҷавонон дар тараққиёти Ватани маҳбуб, ба натиҷаҳои баланд комёб гаштани онҳо, бори аввал бошукӯҳ гузаронидани маросими медалсупорӣ ҳарф зада, соҳибони медалҳоро табрик намуданд.
Дар тадбири ботантана ба 78 хатмкунанда медали тилло, ба 63 нафараш медали нуқра ва дипломи такмили ихтисоси имтиёзнок супурданд.
Дар доираи тадбир аз рӯйи иҷрои 5 ташаббуси муҳими аз ҷониби Президентамон пешниҳод гардида, намоишнома ташкил карда шуд.
Имрӯзҳо дар сохтори таълими халқи вилоят 1242 муассисаи таълимӣ: 1214 мактаби таълими умумӣ, 9 мактаб – интернати махсус, 2 хонаи меҳрубонӣ, 17 маркази бачагонаи «Авлоди баркамол» ва 17 маркази захираҳои ахборӣ фаъолият мебаранд.

Дар тадбир инчунин, ба 14 нафар омӯзгороне, ки дар соли хониши 2018-1019 дар озмун – азназаргузарониҳои ҷумҳуриятӣ, чун «Беҳтарин рӯҳшиноси сол», «Беҳтарин омӯзгори фаннӣ», «Мактаби обод» натиҷаҳои баландро ба даст оварданд, бо ифтихорномаҳои Вазорати таълими халқи Ӯзбекистон ва тӯҳфаҳо сарфароз гардиданд.
Фирдавс АБДУРАҲМОНОВ, ғолиби озмуни ҷумҳуриятии «Беҳтарин рӯҳшиноси сол»:
– Имрӯз ман ба чеҳраҳои хандони хатмкардагоне, ки соҳиби медалҳои тиллову нуқра шуданд, назар афканда хеле хурсанд шудам. Ояндаи ҷамъият ба дасти ҳамин ҷавонони аълохону фаъол аст. Ба онҳо бо ҳавас менигараму барори кор металабам. Аз омӯзгор буданам ифтихор мекунам. Хурсандам, ки ҷавонон сӯйи мақсадҳои олӣ ҳаракат доранд.
Рустам ЗОКИРОВ, соҳиби медали тилло, хатмкардаи мактаби таълими умумии рақами 17 – и шаҳри Самарқанд:
– Ба панду насиҳатҳои устодонам ва падару модарам амал карда кам нашудам. Ба онҳо ҳазорон маротиба ташаккур. Мутолиаи китоб ва шуғл бо якчанд намуди варзиш машғулоти беҳтаринам аст. Орзуҳои ояндаам як ҷаҳон. Мақсади ман соҳиби маълумоти олӣ шуда, аз рӯйи соҳаи худ ба тараққиёти кишвари маҳбубам ҳисса гузоштан мебошад.
Дилафрӯз МУРОДҚУЛОВА, соҳиби медали нуқра, хатмкунандаи мактаби таълими умумии рақами 43-и ноҳияи Самарқанд:
– Бисёр шодам, ки маро ба медали нуқра лоиқ шумориданд. Китобхонӣ, хусусан хониши асарҳои адибони бузург Абӯабдуллоҳи Рӯдакиву Абулқосим Фирдавсӣ, Лоиқ Шералию Фарзона ва дигарон ҷону дилам аст. Бо намуди волейболи варзиш шуғл меварзам. Якчанд моҳ дар «Мактаби маҳорати эҷодкорони ҷавон» – и назди рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» аз журналистон асрори рӯзноманигориро омӯхтам. Дар оянда орзуям журналист шудан ва ба халқу Ватан муносиб хизмат кардан аст…
Дар давоми тадбир шогирдони Маркази бачагонаи «Авлоди баркамол» – и вилоят бо иҷрои сурудҳои дилнишину рақсҳои дилфиреб ба ҳозирон кайфияти хуш бахшиданд.

Ҷамшеди АСРОР.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: