Фермери кордон

Фермери кордон

Дар ноҳияи Самарқанд хоҷагиҳои фермерие, ки аз замин ҳосили баланд мерӯёнанд, зиёданд. Яке аз онҳо хоҷагии фермерии «Азизов Қурбон»-и тобеи Саройи муқобили мошину тракторҳои «Мароқанд» мебошад. Ба хоҷагӣ Ҷамшед Азизови 40-сола роҳбарӣ мекунад. Хоҷагӣ соли 2006 таъсис ёфта, заминаш 91,1 гектар аст.
Аз соли 2012 инҷониб бо кӯмаки фирмаи «CMEC GENERAL MACHINERU IMPORT END EXPORT CO LTD» яхмосҳои хуштаъм истеҳсол мекунанд. Дар хоҷагӣ навъҳои серҳосили «Ризамат», «Суғдиёна», «Кишмиши сурх», «Ангушти арӯс» ва ғайраи ангурро парвариш мекунанд. Моҳи апрели соли ҷорӣ 15 га. токзори нав ташкил намуданд. Дар токзор 10 нафар кор мекунанд. Сӣ фоизи ангур ба давлатҳои Россия ва Қазоқистон содирот мешавад. Соли 2016 дар хоҷагӣ барои нигоҳдории маҳсулоти деҳқонӣ яхдони ҳаҷмаш 1000-тоннагӣ сохтанд. Соли ҷорӣ дар хоҷагӣ истеҳсоли қуттиҳои пластмассӣ ба роҳ монда шуд. Имрӯзҳо дар хоҷагӣ 35 нафар бо кори доимӣ таъминанд.
Нақшаҳои минбаъдаи фермери кордону серғайрат Ҷ. Азизов калон аст. Ӯ мехоҳад, ки дар оянда содироти ангурро ба 100 фоиз расонда, дар боғ сохтори обёрии чакрагиро ба роҳ монад.

Ҷамшеди АСРОР.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: