Сабаби саривақт насупурдани андоз дар чист?

Сабаби саривақт насупурдани андоз дар чист?

Дар ҷамъомади навбатии идора (аппарат)-и ҳокимияти вилоят фаъолият доир ба ситонидани пардохтҳои буҷавӣ дар чоряки дуюми соли равон, аз ҷумла таъмини иҷрои нишондодҳои моҳи июн ва вазифаҳое, ки бояд амалӣ карда шаванд, мавриди муҳокима қарор ёфтанд.
Ба он ҳокими вилоят Э. Турдимов сарварӣ намуд.
Дар ҷамъомад қайд гардид, ки дар хоҷагии қишлоқ ва корхонаҳои бинокорӣ ҳолатҳои надодани андоз ва саривақт насупурдани он меафзоянд. Ғайр аз ин, 75-то иттиҳодияҳои нақлиётие, ки бо литсензияи садорати вилоятии нақлиёт бо кашонидани мусофирон ва бор машғуланд, то 17-уми июни соли равон аз андоз ба миқдори 281 миллион сӯм қарздор шудаанд.
Дар амалӣ намудани нишондодҳои пешбинишуда доир ба пардохти андоз ба буҷет оиди андози даромад аз шахсони ҷисмонӣ ба таври кифоя кор бурда нашудааст. Мисол, дар ноҳияҳои Ургут 370, Самарқанд 119, Пастдарғам 116 ва Иштихон 86-то корхона ба идораҳои андоз ҳисоботи «о» тақдим карда бошанд ҳам, чӣ хел муаммо доштани ягон корхона, ё ки сабаби пардохтҳоро пинҳон кардани онҳо муайян карда нашудааст.
Дар ҷамъомад ахбори мутасаддиён оиди расмигардонии ҷойҳои корӣ дар зиёд намудани миқдори пардохт ба буҷет, баланд бардош­тани маданияти ҳуқуқии аҳолӣ, корҳое, ки барои ба роҳ мондани назорати ҷамоатӣ дар субъектҳое, ки бо пули нақд хизмат мерасонанд, шунида шуданд.
Инчунин, иҷрои супоришҳои баённомаи ҷамъомаде, ки Президентамон ҳангоми ташриф 11-уми январи соли 2019 ба вилоятамон гузарондаанд, қайдгардида буд, муҳокима карда шуданд.
Қайд гардид, ки аз 206-то супориши додашуда 106-тоашро пурра иҷро карданд. 10-то супориш дар муддаташ иҷро карда нашуд. Хавфи саривақт иҷро нашудани 8-то супориш мавҷуд аст.
Аз ҷумла, дар шаҳри Самарқанд супоришҳо оиди амалӣ намудани корҳои васеи ободонӣ, таъмир намудани кӯчаҳои шаҳр, сохтмони биноҳои замонавии истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ саривақт иҷро карда намешаванд. Хусусан, сохтмони автосалон дар рӯ ба рӯйи бозори қисмҳои эҳтиётии автомобилҳои корхонаи унитарии «Самарқанд Сиёб савдо» то ҳол оғоз наёфтааст.
Аз беэътибории мутасаддиён барпо намудани боғи истироҳатӣ ва меҳмонхона дар атрофи коллектори Чашма (кӯчаи Бӯстонсарой), дар қисми то варзишгоҳи «Ёшлик»-и кӯчаи Бӯстонсарой сохтмони меҳмонхона, бонк ва маҷмӯи савдо сар нашудааст.
Аз ҳалли масъала оиди инкишофи туризм вобаста – дар 72 гектар майдони қафои собиқ ресторани «Ғор», ки дар массиви Чӯпонато воқеъ аст, барпо намудани маҷмӯи сайёҳӣ низ ҳамон дарак нест.
Ҳокими вилоят дар ҷамъомад ба масъулон супоришҳои зарурӣ дода, қайд кард, ки нисбати мутасаддиёни ба сусткорӣ роҳдода, чораҳо дида мешаванд.


Мухбири худамон.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: