Қарори ҳокими вилояти Самарқанд

Қарори ҳокими вилояти Самарқанд

Дар бораи даъват кардани сессияи шасту чоруми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд

Мувофиқи моддаи 17-уми Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи ҳокимияти маҳаллии давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Сессияи шасту чоруми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд дар соати 10.00-и 1-уми июли соли 2019 даъват карда шавад.

2. Ба рӯзномаи сессия масъалаҳои зерин дохил гарданд:
Оиди вазифаҳои устуворе, ки аз фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 27-уми майи соли 2019 «Дар бораи чораҳои боз ҳам такмил додани сохтори мубориза бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» таҳти рақами ФП‑5729 бармеоянд;
оиди ташкил намудани комиссияи доимӣ дар назди Шӯрои намояндагони халқи вилоят доир ба таъмини қонунмандӣ ва мубориза бар зидди коррупсия;
оиди даровардани тағирот ва иловаҳо ба регламент ва низоми Шӯрои вилоят ба муносибати дар назди Шӯрои вилоят ташкил шудани комиссияи доимӣ доир ба таъмини қонунмандӣ ва мубориза бар зидди коррупсия;
оиди ахбори судҳои вилоят (ҷиноят, маъмурӣ, шаҳрвандӣ ва иқтисодӣ) дар бораи корҳое, ки дар чоряки якуми соли 2019 амалӣ намудаанд.

3. Масъалаи ташкилӣ.

4. Масъалаҳои дигар.

Ҳкими вилоят Э.ТУРДИМОВ
25-уми июни соли 2019

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: