Сессияи Шӯрои вилоят

Сессияи Шӯрои вилоят

Дар ҳокимияти вилоят сессияи шасту чоруми Шӯрои намояндагони халқи вилоят гузаронида шуд.
Дар кори сессия, ки ҳокими вилоят Э.Турдимов сарварӣ кард, депутатҳо, намояндагони ташкилотҳое, ки ба масъалаҳои рӯзномаи сессия вобастаанд ва воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок намуданд.
Пас аз тасдиқи рӯзнома ва кории сессия ахбороти прокурори вилоят Ф.Зуфаров оиди вазифаҳои устуворе, ки аз Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 27-уми майи соли 2019 «Дар бораи чораҳо бобати минбаъд такмил додани низоми аксуламал ба тамаъгарӣ дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» таҳти рақами ФП 5729 бармеоянд, шунида шуд.
Ҳангоми баррасии масъала ҳокими вилоят Э.Турдимов таклиф дод, ки чорабиниҳоро бобати мубориза ба муқобили коррупсия баробари дигар соҳаҳо дар сохтори таълим низ пурзӯр карда шавад. Дар асоси он Садорати таълими халқи вилоят чораву тадбирҳои амиқро доир ба зиёд нагардидани теъдоди хонандагон дар мактабҳои маркази шаҳру ноҳияҳо, ки талаб зиёд аст, таҳия мекунад. Чунки танҳо мактаби таълими умумии рақами 17-и шаҳри Самарқанд бо коэффитсиенти 3 (хонандагон аз меъёри муқаррарӣ 3 баробар зиёд) кор мебарад.
Низом таҳия карда мешавад, ки мувофиқи он барои ба синфи якум қабул кардани хонандагон маъмурияти мактаб дахл карда наметавонанд. Ин ҳуҷҷати меъёрӣ аз тарафи Шӯрои вилоят тасдиқ мегардад.
Дар сессия таъкид гардид, ки дар Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳо бобати минбаъд такмил додани низоми аксуламал ба тамаъгарӣ дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» дар ҳайати Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқӣ созмон додани комиссияҳо бобати аксуламал ба тамаъгарӣ тавсия карда шудааст.
Мувофиқи ҳамин дар назди комиссияи доимии таркиби Шӯрои намояндагони халқи вилоят доир ба масъалаҳои қонунгузорӣ, ҳуқуқу тартибот ва таъмини бехатарии шаҳрвандон комиссияи доимӣ оиди таъмини қонунгузорӣ ва аксуламал ба тамаъгарӣ ташкил карда шуд.

Аз рӯйи масъалаи чоруми рӯзнома ахбороти раисони суд­ҳои вилоят дар бораи корҳое, ки тӯли 6 моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ иҷро кардаанд, шунида шуд.
Аз сабаби дар сессия иштирок накардани раиси суди вилоят доир ба корҳои ҷиноӣ ҳисоботи ӯ шунида нашуд.
Баъд аз ҳисоботи раиси суди вилоят оиди корҳои шаҳрвандӣ, то ҳадди имкон дар ҷойи худ рафта омӯхтани масъалаҳои вобастаи мулк ва қабули қарор тавсия карда шуд. Таклифи прокурори вилоят ба судҳо аз тарафи депутатҳо низ дастгирӣ гардид.
Бахусус, ба масъалаи бекор кардани ақди никоҳ чун ҳолати фавқулодда нигаристан ва аз рӯйи ҷойи зисти аризадиҳандагон ба роҳбари сектори дахлдор маълумоти хаттӣ пешкаш намудан таъин гардид.
Дар навбати худ роҳбари сектор корҳои то ҷараёни судро зери назорати қатъӣ гирифта, то қадри имкон барои пешгирии вайроншавии оилаҳо чорабиниҳо андешад.
Баъд аз ҳисоботи судҳо масъалаи таъмини иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 7-уми июни соли 2018 “Дар бораи амалисозии Барномаи “Ҳар як оила — тадбиркор” дар вилоят баррасӣ гардид.
Оиди ин масъала ҳисоботи ҷонишини аввали ҳокими вилоят доир ба масъалаҳои иқтисодиёт ва тадбиркорӣ Ҷ.Ӯроқов шунида шуд.
Таъкид гардид, ки дар асоси қарор ба вилоятамон 410 миллиард сӯм маблағи захиравӣ ҷудо карда шудааст. Аз тарафи гурӯҳҳои корӣ бо мақсади ба соҳибкорӣ васеъ ҷалб кардани шаҳрвандон дар 1094 ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаҳо, 647 585 хонадонҳо сӯҳбат гузаронида шуд.
Аз тарафи “Маркази дастгирии тадбиркории оилавӣ”-и вилоят 16 833-то лоиҳаи 390,8-миллиардсӯминаи шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла 6473-лоиҳаҳои 56,1-миллиард сӯминаи оилаҳои камтаъмин маъқул дониста шудааст.
Ахбороти гурӯҳи депутатии Ҳизби сотсиал-демократии “Адолат”-и Ӯзбекистон “Дар бораи натиҷаҳои омӯзиши ҳолати таъмини аҳолии ҳудудҳо бо оби тозаи нӯшиданӣ” дар асоси қарори Девони Вазирон “Дар бораи чораву тадбирҳои боз ҳам беҳтар кардани сохтори таъминоти оби ошомиданӣ ва канализатсия дар нуқтаҳои аҳолинишини ҷумҳурӣ” аз 29-уми августи соли 2018 муҳокима карда шуд.
Таъкид гардид, ки аз тарафи гурӯҳи кории ҳизб дар ноҳияҳои Нарпай, Пастдарғам, Пайариқ ва Оқдарё корҳои омӯзишӣ гузаронида шуд ва мавҷуд будани як қатор муаммоҳо аниқ гардид.
Раиси шӯро пешниҳод намуд, ки натиҷаи омӯзишҳо бо иштироки масъулони мутасаддӣ ва ҷамотачигии васеъ муҳокима карда шавад.
Инчунин, ахбороти гурӯҳи депутатии Ҳизби демокративу халқии Ӯзбекистон доир ба таъмини иҷрои қарори Девони Вазирон аз 4-уми апрели соли 2011 “Дар бораи чораву тадбирҳои амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон “Дар бораи дафн кардан ва кори дафн” дар шаҳри Самарқанд шунида шуд.
Зикр гардид, ки дар шаҳр ҳолатҳои вайрон шудани меъёрҳои қонун мушоҳида шуда, дар баъзе ҷойҳо ба одамоне, ки ҳоло дар қайди ҳаётанд, санги қабр ва қабр тайёр карда гузоштаанд.
Дар сессия раиси ҳайати комиссияи вилоятӣ доир ба расонидани кӯмак ба дидани тайёрӣ ва гузарондани интихоботи раис (оқсақол)-они ҷамъомадҳои шаҳрвандон Н.Раббимова оиди анҷоми интихоботи раисони маҳаллаҳо маълумот дод.
Инчунин, дар сессия масъалаи ташкили баррасӣ гардида, Нуруллаев Ботур Ӯткирович, ки то ҳол иҷрокунандаи вазифа буд, ба вазифаи ҷонишини ҳокими вилоят доир ба масъалаҳои рушди сайёҳӣ, Мамадқулов Дилшод Амонқулович ба вазифаи ҷонишини ҳокими вилоят доир ба робита бо ҷамоат ва ташкилотҳои динӣ тасдиқ гардиданд. Инчунин, Азизқулов Саҳобиддин Ҷиянбоевич, ки то ҳол ба сифати депутати палатаи Қонунгузории Маҷлиси Олӣ кор мекард, директори ширкати инжиниринги ҳокимияти вилояти Самарқанд таъин гардид.
Дар сессия аз рӯйи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳо қабул шуданд.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: