Беэътиборӣ сабаби муаммоҳо мешавад

Беэътиборӣ сабаби муаммоҳо мешавад

Дар ҳокимияти вилоят корҳои амалишаванда дар минтақаҳои хурди саноатӣ, дар амал татбиқшавии лоиҳаҳои инвеститсионӣ оид ба соҳаҳои саноат, хизматрасонӣ ва сервис муҳокима гардид.
Ҳокими вилоят Э.Турдимов таъкид намуд, ки дар 14 ҳудуди вилоят 19 майдони коркард ташкил гардида, барои он 115,8 гектар замин ҷудо карда шудааст. Вале корҳои истифодабарӣ аз салоҳияти он ва амалинамоии лоиҳаҳои тасдиқгардида суст мебошанд.
Аз 70 лоиҳае, ки ба кор даровардани онҳо дар охири чоряки дуюми соли 2019 ба нақша гирифта шуда буд, то ҳозир 26-тоаш ба кор дароварда, 44-тои он аз муддати муайяшуда қафо мондааст. Аз ҷумла, дар шаҳри Самарқанд 8-то, дар ноҳияҳои Булунғур ва Ҷомбой 7-тоӣ, дар Оқдарё ва Пайариқ 5-тоӣ, Иштихон ва Нарпай 4-тоӣ, Пастдарғам 3-то, шаҳри Каттақӯрғон, ноҳияҳои Қӯшработ ва Самарқанд 2-тоӣ ва Пахтачӣ 1-то лоиҳа амалӣ нагардидааст.
Барои амалигардонии лоиҳаи шаҳри Каттақӯрғон, ноҳияи Булунғур ҳанӯз корҳои сохтмонӣ ба анҷом нарасидаанд. Барои ба истифода додани лоиҳаи ноҳияҳои Иштихон ва Пайариқ, ки бояд дар охири чоряки охири соли 2018 ба итмом мерасид, ҳанӯз корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Ба ғайр аз ин, оид ба амалинамоии лоиҳаи ноҳияҳои Пастдарғам, Оқдарё, Нарпай ва Қӯшработ корҳои сохтмонӣ тамоман қатъ гардидаанд. Баъзе лоиҳаҳои ноҳияҳои Булунғур, Нарпай, Пастдарғам дар баёнҳои маҷлиси шӯрои маъмурии соли 2018 ба қатори иштирокдорони минтақаи хурди саноатӣ дохил шуда бошанд ҳам, то ҳол корҳои сохтмонӣ оғоз наёфтаанд. Барои баъзе лоиҳаҳо бонкҳои тиҷоратӣ маблағҳои кредитӣ нагузаронидаанд. Дар ҳудуди 3 минтақаи хурди саноатӣ корҳои сохтмонии тозакунии локалии арзиши умумиашон 3,3 миллиард сӯмина ва корҳои кашидани шабакаи 5,8-километрӣ иҷро нагардиданд. Дар минтақаҳои хурди саноатӣ қисми 6 километри роҳи автомобилии 10,8-километрии арзишаш 3,4 миллион сӯмина таъмир нашудааст.
Дар минтақаи хурди саноатии ноҳияи Қӯшработ корхонаи хусусии “Нақшбанд қурилиш савдо” то ҳозир ноқонунӣ фаъолият дорад.
Дар вилоят соли ҷорӣ дар равияҳои саноат, хоҷагии қишлоқ ва хизматрасонӣ аз ҳисоби амалинамоии 941 лоиҳаи дохилии инвеститсионии арзиши умумиаш 6 триллиону 849 миллиард сӯмина ба вуҷуд овардани 19 ҳазору 631 ҷойи нави корӣ нишон дода шудааст. Дар натиҷаи сари вақт иҷро нашудани 46 лоиҳаи 935 миллиард сӯмина дар доираи Дастур, 1628 ҷойи корӣ ба вуҷуд оварда нашудааст.
Э.Турдимов доир ба масъалаҳои зикршуда ба ҷонишини якуми ҳокими вилоят Ҷ.Ӯроқов, сардори сарсадорати иқтисодиёт ва саноат Х.Назаров, сардори сарсадорати Бонки марказии вилоят Қ.Собиров, садоратҳои дахлдор, инчунин ҳокимони ноҳияву шаҳрҳо барои дар муддати кӯтоҳ бартараф кардани камбудиҳои номбаршуда супоришҳои аниқ дод.

Ӯ.ҚӮЗИБОЕВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: