Роҳбарони хидматҳои ахбор ва мақомоти давлатӣ

Роҳбарони хидматҳои ахбор ва мақомоти давлатӣ

дар ҳар се сол аз аттестатсия мегузаранд

Ба мақсади минбаъд амиқ гардондани ислоҳот, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти воситаҳои ахбори оммавӣ, ба роҳ мондани мулоқоти хушсифат байни давлат ва ҷамъият, ба аҳолӣ расондани ахбори таъҷилӣ, холисона ва пурра дар бораи мақсад, вазифа ва натиҷаҳои ислоҳот, баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ ва хоҷагидорӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, инчунин куллан беҳтар гардондани ҳамкории онҳо нигаронида шудаанд, қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон “Дар бораи чораҳо оид ба минбаъд таъмин кардани мустақилии воситаҳои ахбори оммавӣ ва рушди фаъолияти хидматҳои ахбори мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо” қабул гардид.
Мувофиқи қарор:
Аз 1-уми октябри соли 2019 тартибе муқаррар карда мешавад, ки мувофиқи он нашриётҳои ба нашри адабиёти бачагона махсусонидашуда, инчунин маҳсулоташон барои шахсони маълул пешбинишуда аз пардохти боҷи давлатӣ барои додани рухсатнома оиди фаъолияти ноширӣ озод карда мешаванд.
Мунтазам, пурра ва сари вақт ба аҳолӣ расондани ахбор дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ба воситаи расонаҳои ахбори оммавӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, веб-сайтҳои расмии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, инчунин захираҳои дигари иттилоотӣ, аз он ҷумла бо роҳи ташкил кардани конфронсҳои матбуот, брифингҳо ва медиатурҳо, омӯхтани афкори умум ба воситаи гузарондани пурсишҳои ҷамъиятӣ ва дигар шаклҳои омӯзиш, ташаккул додани гурӯҳи корбастҳо барои ҳамкории самарабахш бо воситаҳои ахбори оммавӣ, ба таври доимӣ ташкил кардани баромади роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, тайёр кардани материалҳои хабарӣ, ахборӣ, шарҳӣ ва дигари иттилоотиву таҳлилӣ барои паҳн намудан тавассути воситаҳои ахбори оммавии ватанӣ ва хориҷӣ якҷоя бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ва ғайра вазифаҳои асосии хид­матҳои ахбор, марказҳои матбуот, хидматҳо оид ба алоқа бо ҷомеаи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо муайян карда шуд.
Минбаъд ба вазифаи кормандони хидматҳои ахбори мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо асосан шахсоне, ки дар соҳаи журналистика маълумоти олӣ доранд, таъин карда мешаванд.
Дар асоси қарор дар раёсатҳои ахбор ва коммуникатсияи оммавии Ҷумҳурияти Қароқалпоқис­тон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд сектори ташкили кор ва мутобиқсозии фаъолияти хидматҳои ахбор бо ҷудо намудани шумораи иловагии штатӣ дар миқдори 14 воҳид созмон дода мешавад.
Инчунин, роҳбарони хидматҳои ахбор ва мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо:
— дар як вақт котиби матбуоти мақомоти давлатӣ ва ташкилот ба ҳисоб рафта, мақоми мушовири роҳбар оид ба масъалаҳои сиёсати иттилоотиро соҳиб мегарданд ва бино бар шартҳои пардохти музди меҳнат, хидматрасонии тиббӣ ва нақлиётӣ ба муовини роҳбари мақомоти давлатӣ ва ташкилот баробар карда мешаванд;
— ба вазифа бо назардошти хулосаи дахлдори Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии наз­ди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ё ки зершӯъбаи ҳудудии он таъин карда мешаванд;
— дар ҳар се сол дар Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз аттестатсия мегузаранд.
Бо мақсади ҷорӣ намудани низоми самарабахши мониторинги фаъолияти хидматҳои матбуоти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, расондани кӯмак ба онҳо дар роҳандозии кор оид ба ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори оммавӣ, инчунин таъҷилӣ эътино намудан ба хуруҷҳои иттилоотии шӯъбаи мутобиқати хидматҳои мақомоти давлатии Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекис­тон ва Раёсат оид ба ташкил кардани кор ва мутобиқати фаъолияти хидматҳои ахбор бо ҷудо намудани шумораи иловагии штатӣ дар миқдори панҷ адад, бо муносиб зиёд гардондани миқдори ҳадди аксари кормандони идораи дастгоҳи марказии агентӣ таъсис дода мешавад.
То 1-уми сентябри соли 2019 ба Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон лоиҳаи тартиби маъмурии расондани хидмати давлатиро оид ба қайди давлатии воситаҳои ахбори оммавӣ ва корхонаҳои табъу нашр, инчунин литсензия додан ба фаъолияти ноширӣ ворид карда мешавад.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: