Муждаи зафар аз Зафарраис

Муждаи зафар аз Зафарраис

ё худ ғаллакорони хоҷагии фермерии «Маҳмудбек Маъруфӣ» дар ноҳия аввалин

Ғалабаи навбатӣ

Ба мо хабар расид, ки хоҷагии фермерии «Маҳмудбек Маъруфӣ», ки дар тасарруфи агрофирмаи «Наврӯз» (раисаш Ориф Ҳасанов) фаъолият дорад, дар ноҳияи Самарқанд аввалин шуда нақшаи ғалласупориро барзиёд иҷро кардааст. Барои ба даст овардани ин муваффақият аъзоёни хоҷагӣ Адҳам Шарофов, Олим Ҳамроқулов, Ориф Маъруфов, Ҷонибек Маҷидов, Дилшод Мухторов, Азиз Наимов ва дигарон ҳиссаи арзанда доранд.
Мо бо ин музаффарият Зафарҷон Маҳмудов ва аъзои хоҷагиро самимона табрик мегӯем. Бошад, ки шодиву сурур аз лабони деҳқонон дур набошад ва хонаашон пури гандум гардад.

Покизагуҳар

Дар урфият мегӯянд:
Одамӣ одам набинад,
аз куҷо одам шавад,
Шамъ агар оташ набинад
аз куҷо равшан шавад.
Вақте ки кас рафтору гуфтор, кирдори неки раиси хоҷагии фермерии «Маҳмудбек Маъруфӣ»-и ноҳияи Самарқанд Зафарҷон Маҳмудовро мушоҳида мекунад, бе ҳеҷ муболиға пеши назар симои ду абармарди зинданоми ободгар, шодравонҳо муаллиму раиси деҳшӯро, бузургмарди маърифатпарвар Маҳмудбек Маъруфӣ ва донишманди соҳаи хоҷагии қишлоқ, раиси раисон Ҳоҷӣ Сироҷқул Усмонов намоён мешавад. Барҳақ, Зафарҷон дар тинати худ хислатҳои беҳтарини ин ду падарбузург, бобоҳои номдорашро ҷо додааст. Ширинзабониву ташаббускории Маҳмудбек Маъруфӣ дорои ҳамчун инсони соҳибмаънавият тарбия ёфтани Зафарҷон саҳми босазо гузоштааст. Розҳои деҳқониро бошад, аз Ҳоҷӣ Сироҷқул Усмонов омӯхтааст.

Ваъда додӣ, вафо кун…

Падари Зафарҷон – Толиб Маъруфӣ дар Самарқанд чун тадбиркори тадбирандеш ва роҳбари дасткушоду хайрхоҳ низ маъруфият дорад. Ӯ ҳамаи фарзандонашро ҳамроҳи завҷаи мӯҳтарамааш Хуршеда Усмонова дар роҳи масъулиятшиносӣ ва вафодорӣ тарбия намуд.
Барҳақ, аввалин раиси хоҷагии «Маҳмудбек Маъруфӣ» низ худи падараш буд. Дар саҳроҳо заҳмати зиёде мекашиду ҳосили фаровоне мерӯёнид. Қисми асосиро барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, обод намудани деҳу манзил харҷ намояд, қисми дигарро барои таъмини рӯзгори беморону ногироён ва дармондагон сарф менамуд. Ҳамаи муваффақиятро аз вафодорӣ медонад. Ҳамин азму вафодорист, ки Зафар Маҳмудов ҳамасола нақшаи супоридани ғалла ва маҳсулоти хоҷагии қишлоқро масъулиятшиносона иҷро мекунад. Аз ҳокими ноҳия Шӯҳрат Ҷамолов миннатдор аст, ки барои муваффақиятҳои хоҷагии фермерии ӯ доимо имконият фароҳам меорад. Баракоти ҳосили фаровон аст, ки ин раиси ҷавони тадбирандеш ҳомии тадбирҳои фарҳангиву ободонии Самарқанд аст. Дасти фитодаеро боло мекунаду ба дуои халқ мушарраф мегардад.

Осиё бо навбат

Соли 2016 Толиббек Маъруфӣ, ки то ин дам вазифаҳои пурмасъултарини давлативу ҷамъиятиро бар дӯш дошт, бар замми он раисии хоҷагии ҷамоатии ба номи падарро созмон дода, шӯҳратманд намуд, ба шаҳписари арҷмандаш Зафарҷон Маҳмудов супорид.
– Нури дида, номи аҷдодонро покиза нигоҳ доштан қарзи ҳар насли покгуҳар аст. Боз халқ «Осиё бо навбаташ» мегӯяд. Хоҷагӣ номи бобои бузургатро дорад. Даҳҳо нафар ҳамчун аъзои хоҷагӣ ба умеди ризқу рӯзии хонаводааш дар чор фасли сол хизмат мекунад. Боварӣ дорам, ки ту аз ӯҳдаи раисӣ мебароӣ. Охир агроном ҳастӣ. Бояд ба ваъдаи худ назди устоду ҳамсабақонат вафо намоӣ, – гуфт ба фарзандаш.
Дар ҳақиқат, Зафарҷон Маҳмудов худи ҳамон сол факултаи агрономии Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Самарқандро хатм намуда буд. Ӯ, ки навҷавон аст, бо фикри тоза ва ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ ба кор часпид. Соли 2017 хоҷагии фермерии «Маҳмудбек Маъруфӣ» ба хоҷагии бисёрсоҳавӣ табдил ёфта, дар назди худ ғайр аз истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қиш­лоқ боз чорводорӣ, паррандапарварӣ, қаннодӣ, истеҳсоли хишту ҷуроб ва ғайраро ба роҳ монд. Ҳоло зиёда аз 50 нафар аъзои хоҷагӣ ҳастанд. Зафарҷон Маҳмудов аз давлатҳои хориҷӣ барои гармхона тухмиҳои арзандаи помидору бодиринг, барои истеҳсоли хишт, равған, ҷуроб ва ғайра дастгоҳҳои замонавӣ овард. Парвариши чорвои хушзоти наслдорро ба роҳ монд. Барои токпарварӣ замин кушод. Бо обёрии чакрагӣ боғи интенсивӣ барпо кард. Аз канали Анҳор ба масофаи 2 километру 200 метр қубур партофта, об овард.
Хулоса, ганҷе, ки Зафарҷон ва аъзои хоҷагӣ ба даст меоранд, аз ранҷи пайвас­таи онҳост.

Дилрабо НАСИМӢ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: