Маҳбубияти ҳофизи машҳур

Маҳбубияти ҳофизи машҳур

Мусиқӣ аз ҷумлаи санъатҳоест, ки ба ҷисму рӯҳи инсон ҳаловати тоза бахшида, дар баробари ин халқу мамлакат­ро ба дунё мешиносонад. Аз ҷумлаи чунин санъаткороне, ки мардуми мо бо номи онҳо мефахрад, муаллифи суруду оҳангҳои «Ушшоқи Самарқанд», «Бозургонӣ», «Чорзарб», «Даромади ушшоқ», «Таронаҳои Аҷам», «Уфари Бебокча» ва ғайра ҳофиз ва бастакори машҳур Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов мебошад.
Падари ӯ аз водии Қаротегин бо ҳамроҳии бародари худ Абулфайз ба Самарқанд омада, ба косиби пиронсоле ба шогирдӣ меистад ва ба духтари ӯ хонадор мешавад. Сипас, аз маблағи касби худ дар маҳаллаи Кӯкмасҷид ҳавлӣ мехарад. Дар ҳамин ҳавлӣ писари ӯ Абдулазиз ба дунё меояд. Ӯ зеҳни расо ва хотираи қавӣ дошта, аз хурдсолӣ ба мусиқӣ шавқу ҳавас нишон медиҳад. Минбаъд, дар назди Ҳоҷӣ Раҳимқули танбӯрнавоз шогирд меистад ва аз иҷрокунандаи роҳҳои мақом Борухи ҳофиз низ сурудҳоро омӯхта, бо ҳамроҳии ӯ таронаҳо иҷро мекунад. Абдулазиз бо мақсади мукаммал аз худ кардани «Шашмақом» ба Бухоро рафта, аз Ота Ҷалол Носирови машҳур сабақ меомӯзад.
Ҳоҷӣ Абдулазиз ду маротиба ба Маккаву Мадина рафта, сафари ҳаҷро адо мекунад ва дар давоми сафар суруду оҳангҳои халқҳои гуногун, аз қабили Эрону Арабистон, Ҳинду Афғонистонро аз худ мекунад. Суруду оҳангҳои офаридаи ӯ то кунун дар байни халқ машҳур буда, дар баробари ин, ӯ дар бастакорӣ низ маҳорати калон дошт. Устод Айнӣ дар асарҳои худ бо самимияти зиёд ҳар як вохӯрии худро бо ҳофиз зикр намуда, маҳбубияти ӯро дар байни халқ тасвир намудаанд.
Ҳофиз соли 1928 ба Донишгоҳи мусиқӣ ва хореографияи Самарқанд ба кор медарояд ва санъаткорони машҳури оянда М. Ашрафӣ, Т. Содиқов, М. Бурҳонов, Д. Зокиров ва дигарон аз эҷоди ӯ баҳраманд мегарданд. Ӯ санъати мақом, аз ҷумла «Ушшоқ», усулҳои нави «Ушшоқи Самарқанд», «Қашқарчаи ушшоқ»-ро ғанитар гардонида, шогирдони зиёдеро низ тарбия мекунад.
Сурудҳои ӯ дар тасмаҳои радио ва граммпластинкаҳо, аз ҷумла сурудҳои «Ироқ», «Насруллоҳӣ» ва «Ушшоқ» аз ҷониби фирмаи «Граммофон»-и Рига соли 1909 сабт гардидаанд. Ҳофиз дар синни 80-солагӣ низ соли 1933 дар слёти якуми санъаткорони Ӯзбекис­тон суруд хондааст. Барои хизматҳояш ба ӯ, инчунин Домулло Ҳалим Ибодов унвони фахрии «Ҳофизи халқии Ӯзбекистон» дода шуд.
Ҳоҷӣ Абдулазиз 9-уми январи соли 1936 вафот кардааст. Саҳми ӯ дар баландбардории санъати мақом бузург мебошад ва дар солҳои Истиқлолият низ хизматҳои ӯ сазовор қадр гардида, бо ордени «Буюк хизматлари учун» мукофотонида шуд. Бо ташаббуси ҳокими вилоят ташкил гардидани хона-­музейи устод ва кушоиши он дар фестивали байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» аз иқдоми наҷиб ба шумор меравад.

Ф.ШУКУРЗОДА.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: