Самарқанд сайқали рӯйи замин аст

Самарқанд сайқали рӯйи замин аст

Самарқанд яке аз марказҳои қадимаи тамаддуни ҷаҳон ба шумор меравад. Беҳтарин асарҳои шоиру нависандагон ҳам дар ин ҷо ба майдон омадаанд.
Нависандаи маъруфи Япония Ясуши Иноуэ дар асари худ “Саёҳат ба атрофи Самарқанд” солҳои 1965-1968 ба Самарқанд саёҳат кардани худро ба хотир оварда, чунин таъкид кардааст: “Дар шаҳрҳои қадимаи Самарқанд, Бухоро, Тошканд, ки қисми ҷудонашавандаи таърихи Осиёи Марказӣ ва шаҳрҳои Ашқобод, Урганҷ, Хива, ки бо саҳроҳо иҳота гаштаанд, будам”. Инчунин, хурсандии худро пинҳон надошта, чунин меорад: “Ҷиҳати хурсандиовари саёҳатам он аст, ки таърихи ин ҷойҳоро фикр мекардам. Дар давоми саёҳат ба се ҷойи таърихӣ — Панҷакент, Оқ Бешим ва Афросиёб, ки кофтуковҳои археологӣ бурда мешуданд, рафтам».
Ясуши Иноуэ дар асари худ ба тас­вири табиат ҳам эътибори алоҳида медиҳад: “Ду дарёи машҳури Осиёи Марказӣ – Амударё ва Сирдарё дар таърих бо номи Окс ва Яксарт (Сайҳун) машҳур аст. Онҳо дарёҳои хоси саҳроянд. Сирдарёро аз боло дидам, ҳаҷми оби он хеле калон аст. Ҳамин тавр буданаш аниқ буд, зеро он каналҳои водии Фарғона, ки майдонҳои пахтаро обёрӣ менамоянд, пур мекунад. Аммо касе қисми поёнобӣ онро мушоҳида кунад, масалан монанди Қизилқум аз шохобҳо калонтар менамояд. Сабаби ин дар он аст, ки дарё на танҳо дар нурҳои офтоб бухор мешавад, балки аз тарафи дарахтони соҳил ва саҳро низ ҷаббида мешавад. Ин ҳолат дар Амударё низ ҳаст. Ман ба поин ҷорӣ шудани онро дидам. Он аз дарёҳое, ки ба пастӣ ҷорӣ шуда, аз шохобҳо об гирифта, рафта-рафта калон мешаванд, бо он фарқ мекунад, ки обаш кам шуда, дарё хурд мегардад.
Дарёи Зарафшон аз кӯҳи Тияншон ҷорӣ гашта, аз Панҷакент, Самарқанд ва Бухоро мегузарад…”
Нависанда дар асар манзараи поэтикии пуробуранг ва гулдастаи фикрҳои бадеӣ-эстетикиро ба вуҷуд оварда, бозорро тасвир мекунад: “Калимаи “Тоқ” аркро ва ба маънои васеъ бозорро ҳам ифода мекунад. Тоқҳои Бухоро ва Хива аз тоқҳои нағз нигоҳдошташуда аст, ки ба диданаш муяссар шудам. Дӯконҳои савдои Хива гӯё мисли дохили нақб дар як қаторанд. Бозори Бухоро “Санги гаронбаҳо” ном дошта, худамро дар болои гумбазҳои баланд эҳсос намудам. Гарчанд ҳозир дӯконҳо нест, манзараи аниқи бозорро кашидам. Чуноне ки аз номаш маълум аст, замоне бо сангҳои гаронбаҳо иваз карда шудаанд. Ман дар саҳро гаштани корвони савдогаронро дидам. Ва ҳангоми ба бозори сип-сиёҳ даромадани онҳо мисли сангҳои гаронбаҳо, ки дар дасташон аст, ҷило медоданд. Атрофи онҳоро одамон иҳота мекарданд. Онҳо ба гурӯҳҳои гуногуни этникӣ тааллуқ дошта, забон, либос, ранги пӯст, мӯйҳояшон ҳар хел буд. Дар ин ҷо, дар бозори торик фурӯшанда ва харидор ба ҳамдигар вомехӯрданд: оиди санг ба ҳар яке гапзанон карда мешуд. Аҳён-аҳён фикр мекардам, ки барои фурӯхтани сангҳои гаронбаҳо ҷойи беҳтарин дар офтоб нишастан аст”. Ҳамин тавр, ӯ бозорро бо маҳорати нозук ва хосса тасвир кардааст.
Ясуши Иноуэ дар асари худ “Саёҳат ба атрофи Самарқанд” оиди Самарқанд ҳикоя ва ба аҳли дунё ҳаёти сиёсӣ, таърихӣ, этникӣ ва мадании мамлакатамонро таъриф намуда, ба маънои ҳақиқӣ бойигарии ноёби тамаддуни дунё будани Самарқандро таъкид мекунад.

Гулмира САТТОРОВА,
донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд
.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: