Хизмат ба мардум шараф аст

Хизмат ба мардум шараф аст

Иттиҳодияи тиббиёти ноҳияи Самарқанд солҳост, ки барои беморон хизмат мекунад. Дар он шӯъбаҳои гуногун фаъолият доранд, ки яке аз онҳо шӯъбаи бемориҳои сироятӣ мебошад. Дар шӯъба 35 кати хобӣ мавҷуд буда, 3 шифокори ботаҷриба, 40 нафар ҳамшираи шафқат кор мекунанд.
Яке аз фидоиёни касби худ, ки имрӯзҳо дар байни мардум обрӯву эътибори калонро соҳиб аст, ҳамшираи калони шӯъбаи касалиҳои сироятии беморхона Соҷида Нӯъмонова мебошад. Соҷида Нӯъмонова 8-уми июли соли 1963 дар деҳаи Шӯрбоичаи ноҳияи Самарқанд дар оилаи деҳқон ба дунё омад. Тӯли солҳои 1970-1980 дар мактаби таълими умумии рақами 45-и деҳаи Найзатеппа таҳсил гирифт ва онро бомуваффақият хатм намуд. Солҳои 1980-82 дар техникуми тиббии вилоят хонд ва ба шӯъбаи ҷарроҳии клиникаи рақами 2 назди Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд, ба сифати ҳамшира ба кор шурӯъ намуд.
Аз соли 1985 то ҳол дар шӯъбаи касалиҳои сироятии Иттиҳоди тиббиёти ноҳияи Самарқанд кор мекунад. Аз соли 2010 ҳамчун ҳамшираи калон адои вазифа менамояд.
Мо бо Соҷида Нӯъмонова оиди мушкилиҳои кор, дигаргуниҳои соҳа ва нозукиҳои касб сӯҳбат кардем.
– Солҳои зиёд дар ҳамин соҳа фаъолият доред. Гӯед, ки асрори ком­ёбии инсонҳо дар чист?
– Дар паси ҳамаи муваффақият танҳо меҳнат меистад. Кас бовиҷдонона кор кунад ва соҳаи худро бисёр дӯст дорад, албатта ба муваффақият мерасад. Агар аз ҳаёти худ хулоса барорам, меҳнат ва таҷриба аст. Меҳнати ҳалол инсонро ба камолот мерасонад.
– Мушкилии касби ҳамширагӣ, албатта, зиёд аст?
– Соҳаи тиб соҳаи вазнин аст. Шифокорон барои халқ хизмат мекунанд. Аз рӯзе, ки фарзанд таваллуд мешавад, лозим меояд, ки аз назорати тиббӣ гузарад. Дар замони ҳозира яке аз муаммоҳои асосӣ – дар соҳаи тиббӣ нарасидани кадрҳои ботаҷриба аст. Ин масъала низ бо оҳистагӣ ҳалли худро ёфта истодааст.
– Шумо чаро ин соҳаро интихоб кардед?
– Аз овони ҷавонӣ нисбати ин касб дар дилам меҳр буд. Минбаъд бо маслиҳати устодон ин соҳаро интихоб кардам ва қариб 35 сол дар ҳамин соҳа кор мекунам. Ҳоло аз касби худ ифтихор дорам ва хурсандам, ки ба мардум нафъам мерасад.


Мусоҳиб
Толиб ЮНУСЗОДА
.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: