Вазифаи аввалиндараҷа тарбияи хуби фарзандон мебошад

Вазифаи аввалиндараҷа тарбияи хуби фарзандон мебошад

Дар Самарқанди мо оилаҳое, ки мардум ба онҳо бо ҳавас менигарад, зиёданд. Яке аз чунин оилаҳо хонаводаи сокини маҳаллаи Ободи ноҳияи Самарқанд, собиқадори меҳнат Убайдулло Аслонов мебошад.
Ин оиларо на танҳо дар маҳаллаҳои гирду атроф, балки дар вилоят низ хуб мешиносанд ва ҳурмат мекунанд.

Давраи бачагиву наврасӣ

Солҳои баъдиҷангӣ зиндагӣ монанди дигар шаҳру деҳаҳо дар Самарқанд осон набуд. Масъалаи асосии он давр баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакат буд. Моҳи декабри соли 1947 дар оилаи устои гилкор Аслон Мухторов писари чаҳорум ба дунё омад ва ба ӯ Убайдулло ном гузоштанд. А. Мухторов бо завҷааш Хадича Мухторова чор писару ду духтарро ба камол расонданд
Убайдуллои ҷавон аз хурдсолӣ ба китобхонӣ меҳр дошт. Аз ин рӯ, вақташро бештар ба мутолиаи китобҳо сарф мекард. Шавқаш ба техникаҳо низ баланд буд. Бачаи зирак хуб мефаҳмид, ки трактор барин техникаи корӣ барои одамон ниҳоят зарур аст. Зеро он кори чандин деҳқонро дар фурсати кӯтоҳ анҷом дода метавонад. Бо падару модар ва бародарҳояш дар кори хоҷагӣ фаъол иштирок мекард. Дар мактаби миёнаи нопурраи рақами 37-и зодгоҳаш – Қӯшмасҷид (он вақтҳо маҳаллаи Обод дар таркиби маҳаллаи Қӯшмасҷид буд) синфи 8-умро бо баҳои аъло ба итмом расонда, барои идомаи таҳсил ба мактаби миёнаи рақами 21-и маҳаллаи Оқсмасҷид рафт. Он ҷо се сол таҳсил кард. Солҳои 50-уми асри гузашта теъдоди камшумори мардуми деҳот фарзандҳояшонро барои хондан ба мактабҳои олӣ мемонданд. Зеро шароити зист душвор буд. Убайдулло, ки дар авлоди онҳо шахси соҳибмаълумот набуд, дар мактаби олӣ хонданро ният мекард, падар ва бародаронаш инро намехостанд. Модараш Хадичахола ба ин азми фарзанд хайрхоҳ буд.

Таҳсил

Соли 1966 баъди бо медали нуқра хатм кардани мактаб Убайдулло Аслонов ҳуҷҷатҳояшро ба шӯъбаи шабонаи факултаи техникаи муҳандисии Донишгоҳи давлатии Самарқанд супурд. Вақти таҳсил барои мукаммал аз худ намудани асрори соҳа саъй намуд. Шабона мехонду рӯзона дар хоҷагии ҷамоавӣ ва дертар дар заводи электро механикӣ кор кард. Дар коргоҳ фаъолиятро аз харротӣ (токар) сар кард. Дар байни кор як сол дар сафи армия хизмат кард. Мактаби олиро хатм намуда, дар коргоҳ корро давом дод. Пасу пеш волидонаш аз ҳаёт чашм пӯшиданд. Шароити зиндагии Убайдулло вазнин буд. Синнаш ба 28 расидаву ҳанӯз хонадор нашуда буд. Хоҳараш Иқболой ва поччояш Қурбонака (Худо раҳмат намояд!) роҳнамо ӯ буданд. Дар ин коргоҳ 15 сол фаъолият нишон дод.

Оилаи намунавӣ

Убайдулло Аслонов аз Офаридгор мехост, ки риштаи ҳаёташро бо як духтари баодобу меҳнатдӯст бипайвандад. Бо ёрии хешовандон ба донишҷӯйдухтари Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд Майрам Туробова хонадор шуд. Гуфтаҳояш амалӣ гардиданд. Завҷааш бонуи соҳибирода, меҳнатдӯсту хушмуомила баромад. Вай дар шифохона ва поликлиникаи ноҳия чандин сол ҳамчун шифокор ва саршифокор фаъолият бурда, лоиқи ҳурмату эҳтиром гардид.
У. Аслонов одами хушбахти замон аст. Ӯ аз соли 1986 сар карда, баъди директории коргоҳи электр ва механика то соли 2000 ба Садорати саноати маҳаллии вилоят, ки дар тасарруфаш 40 коргоҳ дошт, роҳбарӣ намуд. Аз соли 2000 то ба синни нафақа дар Кумитаи мулки давлатӣ дар лавозими директори филиали самарқандии кумита фаъолият нишон дод. Соли 1992 барои меҳнати пурсамар ба ӯ унвони Ходими хизматнишондодаи соҳаи саноати Ҷумҳурияти Ӯзбекис­тонро доданд. Бо ҳамсараш 5 нафар писарро калон карданд. Ҳамаи онҳоро дар мактабҳои олӣ хононда, соҳиби маълумоти олӣ намуданд.
Имрӯзҳо 2 писараш – Азамату Алиҷон роҳбари хоҷагиҳои фермерии ҳудуди «Янги ариқ» – и ноҳия мебошанд. Фирдавс касби модарро интихоб намуда, духтури ҷарроҳ шуд. Ҳоло директори фирмаи тиббии «Доктор люкс»-и шаҳри Самарқанд мебошад. Абдулло ҳамчун раиси Шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон фаъолият дорад. Ҷонибек духтур – стоматологи поликлиникаи шаҳр мебошад. Вақти хонадоркунии писарҳо ба маълумоти арӯсҳо эътибори ҷудогона доданд. Ҳамаи келинҳои хонадон омӯзгорӣ мекунанд.

Фаъолӣ дар корҳои ҷамоатӣ

Убайдуллоака ва Майрамойтӣ дар корҳои маҳалла фаъол иштирок мекунанд. Убайдуллоака солҳои тӯлонӣ ҳамчун раиси Шӯрои маслиҳатии маҳаллаи Обод фаъолият нишон дод. Меҳнати хуби ӯро ба ҳисоб гирифта, ба муносибати 1 ва 10-солагии Истиқлолияти Ӯзбекистон бо нишони сарисинагӣ сарфароз гардид. Дар 25-умин солгарди истиқлолият ба ӯ китоби калони «Таърихи 25-солагии Ӯзбекистон»ро тӯҳфа карданд. Завҷааш Майрамойтӣ, солҳо ҳамчун раиси кумитаи бонувони маҳалла пурсамар меҳнат кард.

Бобо ва модаркалони хушбахт

Бобову модаркалон ба тарбия ва китобхонии набераҳо эътибори хосса медиҳанд. Онҳо чунин мешуморанд, ки хотираи хурдсолӣ пурқувват асту дониши дар хурдӣ азхудкнамуда нақшест бар санг. Набераи калонии онҳо – Фарида мактабро хатм карду нияти духтури формасевт – дорушинос шуданро дорад.
Убайдуллоака аз рӯзҳои осуда шукрона мекунад ва аз ҳар навигарии бо сарварии Президентамон амалигардидаистода меболад.

Ҷамшеди АСРОР.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: