Ҳаёти хушу бофароғат

Ҳаёти хушу бофароғат

Дар муассисаи таълими томактабии рақами 2, ки дар маҳаллаи Нурободи ноҳияи Самарқанд ҷойгир аст, 75 нафар кӯдак парвариш меёбанд. Ҳаёти хурдтаракон дар ин ҷо хушу бофароғат мегузарад.
Дар боғча мавқеи мураббияҳо калон аст. Панҷ нафар мураббия ба бачаҳо алифбои аввалини таълиму тарбия ва одобу ахлоқро меомӯзонанд. Ба туфайли машғулотҳои дилчаспу завқовар ба дили тарбиягирандагон роҳ меёбанд ва барои пурмазмуну бофароғат гузаштани вақти хурдтаракон кӯшиш менамоянд.
– Ниятҳоямон калон аст, – мегӯяд мудири муассиса Заррина Хидирова. – Дар оянда ҳамкориро бо маҳалла пурқувват гардонда, миқдори фарогирии бачаҳоро зиёд менамоем. Дар боғча гӯшаҳои гуногун ташкил мекунем, ки онҳо ба таълиму тарбияи хуби дастпарваронамон мусоидат намоянд.

Б.ҶУМЪАЕВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: