Ифтихори мактаб

Ифтихори мактаб

Дар мактаби мо маҳфилҳои гуногун фаъолият дошта, хонандагонро аз рӯйи майлу хоҳишашон илму ҳунар меомӯзанд. Аз ҷумла, аъзои маҳфили «Адабиётчиёни ҷавон» дар озмунҳои ноҳиявию вилоят ва ҳатто ҷумҳурӣ иштирок карда, ба гирифтани ҷойҳои муносиб соҳиб мешаванд.
Қобили қайд аст, ки солҳои охир бо ташаббуси раисҷумҳур ба соҳаи варзиш, алалхусус оиди ривоҷдиҳии варзиши бачагон корҳои бузург амалӣ мегардад. Дар ин самт дар мактаби мо ҳам корҳои шоён иҷро мешавад. Зеро чандин сол аст, ки шогирдони мактаби мо аз рӯйи намуди таэквон­дои варзиш дар мусобиқаҳои бонуфуз иштирок мекунанд ва соҳиби диплому тӯҳфаҳои хотиравӣ мешаванд. Ба қарибӣ низ бо ташаббуси шӯъбаи вилоятии федератсияи таэк­вондо (ИТФ)-и вилоят зери шиори «Мо ҷавонон ба гиёҳвандӣ зид ҳастем» чемпионати кушод гузаронида шуд. Дар он аз мактаби мо 16 нафар варзишгар иштирок карда, соҳиби ҷойҳои фахрӣ гаштанд. Аз ҷумла, Алишер Раҷабов, Заршед Равшанов, Салоҳиддин ва Саид Неъматовҳо, Очилбек Нурмуҳаммедов, Завқиддин Раҳимов, Авазбек Тошмуродов, Холмат Равшанов, Хислат Хуррамов, Бобур Эргашев, Акмал Маҳмадов, Олимҷон Шуҳратов, Шоҳиҷаҳон Шуҳратов, Муҳаммад Тилавов, Тоҳир Тошмуродов ва Лазиз Шукруллоев ба гирифтани ифтихорнома соҳиб шуданд.

Маҳкамой РАҲМАТОВА,
муаллимаи мактаби таълими умумии рақами 122-и ноҳияи Ургут
.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: