Чаро сифати таълими олӣ паст?

Чаро сифати таълими олӣ паст?

– Мамлакатҳое, ки дар онҳо сохтори таълими олӣ соҳаи аз ҳама пешқадам мебошад, ба таври назаррас ривоҷ ёфтаанд. Ҳоло дар ҷумҳурияти мо низ талаб ба сифати таълими олӣ тағйир меёбад. Вале таълим дар мо ҳамон бар асоси технология ва усулҳои кӯҳна амалӣ мешаванд, яъне асбобҳои асосии таълимии омӯзгор ва донишҷӯён дафтар ва ручка аст. Чунки ҳоло низ дар таълими олӣ асбобу ашё, лаборатория, компутер ва дигар ҷиҳозҳои замонавӣ кифоя нест ва кадрҳои соҳибихтисосе, ки онҳоро омӯзонанд, намерасанд, — гуфт мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Абдуҷаббор Абдувоҳидов дар тадбире, ки бахшида ба иҷрои 5 ташаббуси Президентамон оиди баланд бардоштани сифати таълим, мустаҳкам намудани базаи моддиву техникии он ва супоришҳое, ки дар ҷамъомади 24-28-уми май гузаронида баён намудааст, баргузор шуд.
Дар тадбир пешниҳодҳо оиди шаффофӣ дар таълими олӣ, истифодаи самаранок аз интернет ва лабораторияҳо, кам кардани омили инсон дар ҷараёни имтиҳонҳо, барҳам додани коррупсия дар таълим, бисёртар кардани захираи китоб ва адабиётҳои таълимӣ баён карда шуданд.

— Ба сохтори худмаблағгузорӣ гузаштани муассисаҳои таълими олӣ дар соҳа коррупсияро кам карда, барои баланд бардоштани сифати таълим хизмат мекунад, — гуфт А.Абдувоҳидов. – Дар рейтингҳое, ки таҳия карда мешаванд, нуфузи муассисаи таълими олӣ на ба миқдори талабаҳое, ки дар он ҷо таълим мегиранд, балки бо шумораи хатмкардагони ин таълимгоҳ, ки кор мекунанд, бояд муайян карда шаванд. Ҷиҳати асосие, ки даргоҳҳои таълимии машҳурро ба дунё шиносонидаанд, ҳамин аст. Дар мо бошад, ректорҳо боз додани квотаи иловагиро мепурсанд, ки ин ба коррупсия роҳ мекушояд. Аз соли равон ректорҳо ба қабули донишҷӯён дахолат намекунанд. Зиёда аз ин дар ҳамкорӣ бо Германия аз соли 2020 барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва шакл­диҳии рақобат дар таълими олӣ тайёр намудани кадрҳо дар беш аз 20 самт, чун муҳандисии тиббӣ, биомуҳандисӣ ва ғайра сар мекунем.
Дар тадбир лавҳаҳое, ки нарасидани хобгоҳро дар Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд, Донишкадаи иқтисодиёт ва сервиси Самарқанд, Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишкадаи давлатии меъморӣ ва сохтмонии Самарқанд, кӯҳна будани асбобу анҷоми лаборатория, харобии вазъи биноҳои таълимиро акс намудаанд, намоиш дода шуданд. Мутасаддиён барои бартараф намудани ин муаммоҳо ва баланд бардоштани сифати таълим вазифаҳо гирифтанд.


Мухбири рӯзнома.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: