Ҳамкорӣ бо хориҷа мустаҳкам мешавад

Ҳамкорӣ бо хориҷа мустаҳкам мешавад

Дар Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Азия металл стандарт»-и ноҳияи Тайлоқ қубур ва профилҳое, ки занг намезананд дар шакл ва ҳаҷми гуногун истеҳсол карда мешаванд.
Дар корхона, ки дар як сол қувваи истеҳсоли 4 ҳазор тонна маҳсулотро дорад, қариб 40 нафар коргар кор мекунанд.
– Фаъолияти худро аз истеҳсоли қубур ва профилҳои замонавии тунукагӣ оғоз намудем, – гуфт сарвари ҷамъият Абдусаид Ҳимматов. – Аз аввали соли гузашта истеҳсоли қубур ва профилҳои зангногирро ба роҳ мондем. Ҳоло беш аз 20 намуди қубур ва профилҳоро дар ҳаҷми гуногун истеҳсол мекунем. Маҳсулоти тайёрро дар бозори дохилӣ мефурӯшем. Ҳамкориҳоро бо кишварҳои хориҷӣ низ мустаҳкам мекунем. Аз моҳи июн бо ҳамкорони тоҷикистонӣ шартнома бастем, ки қимати умумиаш ба 500 ҳазор доллари амрикоӣ баробар аст. Ҳаҷми маҳсулоте, ки то имрӯз аз тарафи ҷамъият экспорт карда шуд, 3 ҳазор доллари амрикоиро ташкил намуд.

Б.МУСТАНОВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: