Рӯзи байналхалқии олимпӣ  тантанавор қайд гардид

Рӯзи байналхалқии олимпӣ тантанавор қайд гардид

Дар Самарқанд ба муносибати Рӯзи байналхалқии олимпӣ зери шиори «Роҳ ҷониби Токио» тадбири бошукӯҳ баргузор гардид.
Ҷавонони варзишгари вилоят, ҳаваскорон, донишҷӯён сартосари кӯчаи Ислом Каримов то майдони Регистон марафони роҳгардии оммавӣ гузаронданд. Дар он зиёда аз 2 ҳазор спортчӣ ҳалқаи олимпиро сохтанд. Иштирокчиён аз рӯйи намудҳои спортие, ки аз бозиҳои олимпӣ ҷой гирифтаанд, баромад карданд. Машғулоти онҳоро аҳолии маҳаллӣ ва сайёҳон бо мароқ мушоҳида намуданд.
– Рӯзҳои 3-6-уми июл дар ноҳия ва шаҳрҳои вилоят бахшида ба Рӯзи байналхалқии олимпӣ гузаронидани тадбирҳои фарҳангӣ, варзишӣ ба нақша гирифта шудааст ва он имрӯз аз шаҳри Самарқанд оғоз гардид, – гуфт сарвари Садорати тарбияи ҷисмонӣ ва спорт Ш. Рӯзиев. – Дар ин тадбирҳо ғолибони мусобиқаҳои ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ, иштирокдорони бозиҳои олимпӣ ва параолимпӣ, ҷавонони варзишгар, фахриён, вакилони ҷамоатӣ иштирок мекунанд. Дар анҷом шахсоне, ки дар тарғиботи спорт хизматҳои арзанда кардаанд, мукофотонида мешаванд.
Имрӯз ба ҳамин муносибат дар шаҳри Самарқанд веломарафон гузаронида шуд. Ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ ва диплом супурданд.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: