Дар рӯзномаҳо чоп намудани эълон  оиди барҳам додани корхона талаб карда намешавад

Дар рӯзномаҳо чоп намудани эълон оиди барҳам додани корхона талаб карда намешавад

Ба мақсади содда гардондани тартиби барҳам додани субъектҳои соҳибкорӣ, бекор кардани маҳдудиятҳои зиёдатии маъмурӣ, ки дар ҷараёни барҳамдиҳӣ ба харҷҳои беасос кардани субъектҳои соҳибкорӣ мусоидат менамояд, минбаъд беҳтар гардондани мавқеи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар рейтингҳои ҷаҳонӣ ва индексҳо бинобар пеш бурдани тиҷорат, инчунин баҳри иҷрои вазифаҳое, ки дар Барномаи давлатӣ оид ба татбиқи Стратегияи ҳаракатҳо доир ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли инвеститсияҳои фаъол ва ривоҷёбии иҷтимоӣ” фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон “Дар бораи чораҳо оид ба содда гардондани расму қоидаҳои барҳам додани субъектҳои соҳибкорӣ” қабул гардид.
Аз 1-уми январи соли 2020:
– комиссияҳои махсуси ҳудудии доимоамалкунанда оид ба барҳам додани корхонаҳо, ки фаъолияти молиявиву хоҷагидориро амалӣ намекунанд ва (ё ки) бунёдҳои оинномавии худро дар муҳлати қонунгузорӣ муқаррарнамуда ташаккул надодаанд, барҳам дода мешаванд;
– тартиби барҳам додани субъектҳои соҳибкорӣ, ки дар тӯли як соли аз санаи қайди давлатӣ бунёдҳои оинномавиашон ба миқдори дар ҳуҷҷатҳои таъсисии пешбинишуда ташаккул наёфтаанд, бекор карда мешаванд;
– байни мақомоти давлатӣ бо роҳи кӯтоҳ кардани ҳуҷҷатҳои зиёдатӣ ва тартибот ҳангоми барҳам додани субъектҳои соҳибкорӣ мубодилаи электронии маълумот ҷорӣ карда мешавад.
Аз 1-уми январи соли 2020 тартибе ҷорӣ карда мешавад, ки мувофиқи он:
а) ҳангоми барҳамдиҳии ихтиёрии субъектҳои соҳибкорӣ – шахсони ҳуқуқӣ дар як ё ки якчанд нашрҳои чопии даврӣ чоп намудани эълон дар бораи барҳам додани корхона талаб карда намешавад;
– фаъолияти молиявиву хоҷагидории корхонаҳое, ки аз давраи қайди давлатӣ фаъолияти молиявиву хоҷагидориро амалӣ наменамоянд, қарзи андоз надоранд, тафтиш карда намешавад;
– даврияти бисёртарини гузарондани тафтиши фаъолияти молиявиву хоҷагидории корхонаҳои барҳам додашаванда аз ҷониби мақомоти давлатии хидмати андоз се солро ташкил медиҳад;
– гирифтани маълумоти мавҷуда дар бораи корхона аз мақомоти ваколатдори давлатӣ барои тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагидории он ба воситаи Низоми автоматиконидашудаи қайди давлатӣ ва барӯйхатгирии субъектҳои соҳибкорӣ амалӣ гардонда мешавад;
– муҳлати умумии барҳамдиҳии ихтиёрии корхона аз рӯзи гирифтани огоҳинома аз мақомоти рӯйхатгиранда дар бораи барҳамдиҳии ихтиёрӣ набояд аз шаш моҳ гузарад (мувофиқи қонунмандии ҷорӣ ин муҳлат 9 моҳ аст);
б) аз ҷониби аризадиҳанда гирифтани хулосаи мақомоти хидмати давлатии андоз дар бораи мавҷуд набудани қарздорӣ бинобар андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ҳангоми боздоштани фаъолияти шахсони ҷисмонӣ – субъектҳои соҳибкорӣ тақозо карда намешавад.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: