Омӯзиши фикри сайёҳон доир ба ривоҷи туризм

Омӯзиши фикри сайёҳон доир ба ривоҷи туризм

Имрӯзҳо дар Сайқали рӯйи замин – Самарқанд, ки бо ёдгориҳои таърихӣ, қадамҷойҳои муқаддаси худ диққати сайёҳони хориҷиро аз ҳама бештар ҷалб менамояд, бо мақсади афзудани сифати хизматрасонӣ ва ба вуҷуд овардани шароити зарурӣ солҳои охир корҳои зиёд амалӣ мегарданд. Меҳмонхонаҳои замонавӣ бунёд ва гулзорҳо барпо гардиданд, атрофи зиёратгоҳу қадамҷойҳо обод карда шуданд.
Бо сайёҳон сӯҳбат намоед, бо вуҷуди саъю ҳаракатҳои зиёд ҳамоно баъзе муаммоҳоро таъкид менамоянд. Масалан, Антонио Гомиши португалӣ аз ниҳоят паст будани суръати кори интернет дар меҳмонхонаҳо, набудани телефони даъватӣ дар хонаҳо шикоят кард.
Умеш Хайтани ҳиндустонӣ гуфт, ки мувофиқи миллат ва дини сайёҳон ҷойҳои хӯрокхӯрӣ ташкил гардад, айни муддао мешавад. Ӯ маълум намуд, ки дар тамоми ресторанҳои шаҳр ёфтани таомҳои бегӯшт муаммост. Ризвон Азиз Муҳаммади покистонӣ бошад, қайд намуд, ки аз сабаби ба диёрамон ташриф овардани сайёҳони пиронсол, барои таъмини саломатии онҳо ба роҳ мондани фаъолияти медитсинаи сайёҳӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.
Инчунин, сайёҳон пешниҳод намуданд, ки ҳаракати электромобилҳое, ки ҳоло дар байни майдони Регистон ва бозори Сиёб ҳаракат мекунанд, то масҷиди Ҳазрати Хизр, музейи Афросиёб ва мақбараи Хӯҷа Дониёр гузошта шавад. Ба фикри онҳо, дар ин равия ҳаракат накардани воситаҳои нақлиёт барои туристон як қатор мушкилиҳоро ба вуҷуд меоварад.
– Дар нархи чиптаҳои даромадгоҳи ёдгориҳои таърихӣ тафовутҳо мавҷуд буда, нархҳо як хел муқаррар гардад, ба роҳҳои зеризаминии вокзали роҳи оҳан эскалаторҳо гузошта шавад нағз буд, – гуфт сайёҳӣ германиягӣ Томас Мюллер.
То чӣ дараҷа муҳим ё муҳим набудани таклифҳои сайёҳони хориҷиро мутасаддиёни соҳа боз як бор таҳлил намоянд, аз фоида холӣ нахоҳад буд. Мақсади мо ривоҷи туризм аст. Ҳар гуна таклифи хоҳ хурд, хоҳ калон набояд аз эътибор дур монад.


Хизмати матбуоти вилоятии
Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ»-и Ӯзбекистон.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: