Манфиати шахсии қаллобон бар ивази миёнаравӣ насиб накард

Манфиати шахсии қаллобон бар ивази миёнаравӣ насиб накард

Хониш ва ба даст овардани касбу кори муносиб орзуи ҳар як ҷавони бошууру меҳнатдӯст ба ҳисоб меравад. Ба роҳи дуруст даромадани ҷавонон, соҳиби ҷойи кор гардидани онҳо, намоён кардани қобилияту истеъдодашон муҳим буда, аз мақсадҳои асосии ҳар як инсон мебошад.
Соҳиби илму касбу ҳунари дилхоҳ гардидани ҷавонон бошад, аллакай ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатамон табдил ёфтааст. Аммо касбу илмомӯзӣ ва соҳиби диплому маълумот гардидан бояд бо роҳи ҳалол амалӣ гардад. Мутаассифона, ин ҷиҳати масъаларо баъзе шахсоне, ки бо роҳи муфт ба маблағи калон соҳиб шуданро ҳавас мекунанд, фаромӯш кардаанд, ё худ орзуи ба даст овардани пули бедардимиён пеши чашмони онҳоро пардапӯш кардааст.
Чанде пеш маҷлиси кушоди Суди шаҳри Самарқанд оид ба корҳои ҷиноӣ баргузор гардид, ки дар он маҳз чунин масъала дар намуди кори ҷиноии судшаванда О.Э. дида шуд.
Маълум шуд, ки номбурда дар лавозими мудири кафедраи «Кори ҳамширагӣ»-и коллеҷи тиббии Сиёб кор мекард. Рӯзи 19-уми апрели соли 2018 ба назди ӯ донишомӯзи коллеҷ В.Ҷ. омада, хоҳиш кард, ки барои ба коллеҷ дохил шудани ду нафар довталаб – ҳамсари бародараш ва ҷиянаш ёрӣ расонад. Бо ҳамин мақсад, чанде пас бародари ӯ – А.Ҷ. ба назди мудири кафедра омада, хоҳиши худро ба ӯ баён мекунад. О.Э. мегӯяд, ки «онҳоро ба хондан дохил кардан ҳоло аниқ нест, аммо агар чунин ният дошта бошанд, хароҷоти онро омода кунанд. Директори коллеҷ шогирди худам аст ва барои ин кор муаммо намекунад. Барои ин кор пул зарур».
Мудири кафедра ба А.Ҷ. чунин таклиф мекунад, ки агар 500 доллари амрикоӣ оварда диҳад, дар ин кор ба онҳо кӯмак мерасонад. Ҳамин тавр, А.Ҷ. 24-уми апрели соли 2018 ба утоқи кории мудири кафед­ра омада, аз ӯ хоҳиш мекунад, ки барои дохил шудани ҳамсараш ва ҷиянаш дар асоси шартнома ба равияи фармасевтикаи коллеҷ ёрӣ расонад. Бо ҳамин мақсад ӯ ба мудири кафедра маблағи ваъдагиро ба ҳисоби доллари амрикоӣ медиҳад. О.Э. онҳоро шумурда гирифта, ба даруни ҷевончаи столи худ мегузорад. Баъд аз баромадани А.Ҷ. ходимони шӯъбаи департаменти шаҳри Самарқанд, прокуратураи шаҳр ва ходимони шӯъбаи корҳои дохилӣ ба утоқи кории мудири кафедра даромада, ӯро дастгир менамоянд ва дар он ҷо ҳуҷҷатҳои заруриро расмӣ мекунанд.
Суд нишондоди судшаванда, ҷабрдида ва гувоҳро шунида, ҳуҷҷатҳои парвандаи ҷиноиро омӯхт. Бо банди «в»-и қисми 3-юми моддаи 165 дар асоси моддаи 45-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон  О. Э. ба муддати 1 сол аз ҳуқуқи муайян, яъне кор дар лавозими роҳбарӣ ва ҷавобгарии моддидошта маҳрум карда шуд. Дар ҳоли нигоҳ доштани миқдори 20 фоизи музди меҳнати ӯ ба ҳисоби давлат, ба муддати 2 сол ба ҷазои корҳои ислоҳнамоии ахлоқ сафарбар гардид.
Оқибат ба чунин ҳол гирифтор шудани судшаванда аз оғоз маълум буд, зеро ҷиноят ҳаргиз беҷазо намемонад.

Азиз САИДОВ,
сарвари шӯъбаи департаменти мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии назди Сарпрокуратураи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар шаҳри Самарқанд
.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: